Дар Фурудгоҳи шаҳри Тошканд 7 нафар шаҳвандони Афғонистон, ки мехостанд бо шиносномаи қалбакии Британияи Кабир ба Лондон парвоз намоянд, боздошт шуданд. Дар ин маврид сомонаи “kun.uz” бо такя ба иттилои Департаменти таъмини амният дар иншооти нақлиётӣ ва туризми ВКД Ӯзбекистон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 5 августи соли ҷорӣ ҳангоми тафтиши шиносномаи мусофирони хатсайри Тошканд – Лондон 7 нафар шаҳвандони Афғонистон, ки шиносномаи Британияи Кабирро пешниҳод кардаанд, боздошт шуданд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян карда шудааст, ки нафарони боздоштгардида шиносномаҳои қалбакиро дар ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ дастрас кардаанд. Дар хабар мушаххасан гуфта намешавад, ки ин шаҳрвандони Афғонистон чӣ гуна ва дар чӣ шароит шиносномаҳои қалбакиро дар Тоқикистон дастрас намудаанд.
Нисбати онҳо дар асоси моддаи 223 (Хуруҷи ғайриқонунӣ ба хориҷи кишвар ё вуруди ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ва 228 (Омода кардан, сохтакории ҳуҷҷат, штамп, мӯҳр, бланка, фурӯш ё истифодаи он) Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Ӯзбекистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
“Қадаш як ваҷаб аст, автоматро қапида наметавонист”. Сӯҳбати озоди волидони Далерҷон Мирзоев бо хабарнигорон
Дар Тоҷикистон “ҷодугарону муллоҳои тӯмордеҳ”-ро рӯйхат мекунанд
Туркия ба Тоҷикистон барои харидории бесарнишин $1,5 млн ва барои таълими низомиёни тоҷик $62 ҳазор медиҳад
Боздошти капитани милитсия бо 20 ҳазор сомонӣ пора
Дар Тоҷикистон мехоҳанд боз як қонун қабул кунанд. Он ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ то куҷо мусоидат мекунад?
ВАО: Сафорати Тоҷикистон дар Русия доир ба тафтиши ҳамла ба “Крокус” изҳори назар намекунад
Муҳаққиқи тоҷик пешниҳод кард, ки 15 апрел Рӯзи Айнӣ эълон шавад
Ҳабси шаҳрванди Тоҷикистон дар Твер ба гумони қайди қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус”
Футболбозони ҷавони тоҷик Ҷоми Осиёро бо бохт оғоз карданд
Ҳамаи коргарони “Крокус”-ро ба даст доштан дар амали террористӣ месанҷанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста