Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон лоиҳаи қарор «Дар бораи тартиби нигоҳубин ва истифодаи қабристонҳо»-ро таҳия намуда, онро барои тасдиқ ба ҳукумат фиристодааст.

Зимни нишасти хабарӣ сардори Раёсати ташкилотҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров дар ин робита изҳор намуд, ки дар ин лоиҳаи қарор тартиби ҷараёни ба хок супурдан ва дигар маросими гӯру чӯб зикр шудааст.

«Ба наздикӣ мо ба масъалаи нигоҳубин ва истифодаи қабристонҳо, ки бе назорат гузошта шудаву ба харобазорҳо табдил меёбанд, машғул мешавем», - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, бино ба гуфтаи муовини раиси Кумита Азизулло Мирзозода, нигоҳубину назорати вазъи оромгоҳҳо ба салоҳияти Кумитаи дин дохил намешавад, вале агар лоиҳаи қарор дастгирӣ ёбад, Кумита ба ин масъала машғул хоҳад шуд.

«Хеле шармовар аст, вақте мусулмонон натанҳо гӯрҳои наздикону худро тозаву озода нигоҳ намедоранд, балки ба бозии фтубол дар қабристонҳо роҳ медиҳанд», - қайд кард Мирзозода.

Кобили зикр аст, ки масъалаи нигоҳубини истифодаи оромгоҳҳо чандин маротиба дар васоити хабори умум мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буд.

Директори Муассисаи давлатии «Раёсати оромгоҳҳо»-и Душанбе Раҳматулло Маҷидов қаблан ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки сокинони пойтахт аҳёнан гӯрҳои наздикони худро зиёрат мекунанд.

«Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ рафтани занон ба қабристонҳо манъ буда, ахиран ин расм дар Душанбе ҳам маъмул шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар шимоли кишвар ҳамаи аҳли оила гӯрҳои наздикони худро нигоҳубин мекунанд. Дар натиҷа дар Хуҷанд ҳамаи қабристону гӯрҳо дар ҳолати хуб қарор дошта, аксари қабристонҳои шаҳрҳои Душанбеву Қурғонтеппа ва Кӯлоб бе назорату вайрон шуда истодаанд», - гуфта буд ӯ.