Сиёсатшинос ва журналисти тоҷик Нуралӣ Давлат бар ин назар аст, ки бо сафарбарии боз 4 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ба Афғонистон, Доналд Трамп мавқеи кишвари худро дар ин минтақаи барои ҷаҳон муҳим пурзӯр мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, Афғонистон аз ин лиҳоз муҳим шуморида мешавад, ки паҳлӯяш Русия, Эрон, Чин, Ҳиндустон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷойгир шудаанд.

«ИМА ҳеҷ гоҳ воқеъан ҳам барои ноил гардидан ба сулҳу созиш дар Афғонистон талош наварзидааст, ҳеҷ гоҳ бо Ал-Қоида ва пешвои он Усома бин Лодан, бо Толибон, бо Давлати исломӣ, истеҳсоли маводи нашъаовар ҷиддӣ ба мубориза напардохтааст, - иброз дошт коршинос. - Низоъи идомадошта дар Афғонистон хеле зиёд ба нафъи Вашингтон буда, барои ба муддати тӯлонӣ дар минтақа боқӣ мондани ИМА мусоидат мекунад».

Нуралӣ Давлат мутмаин аст, ки ба Вашингтон роҳандозии ҷанг дар ҳамаи нуқтаҳои манфиатовар ҳеҷ мушкилие надорад.

Қобили зикр аст, ки Президенти ИМА Доналд Трамп стратегияи нави кишвараш оид ба Афғонистонро ба имзо расонида, акнун мувофиқи ин стратегия 4 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии амрикоӣ иловатан ба Афғонистон фиристода мешаванд.