Собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон, феълан роҳбари Кумитаи иқтисод ва молияи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шариф Раҳимзода доир ба изҳороти пешвои Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) Саидҷаъфар Исмонов дар бораи истеъфои раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳори назар кард.

Номбурда бар ин назар аст, ки «вазъи ҳозираи буҳронӣ дар чанде аз бонкҳои кишвар хеле ҳассосу таъсирбахш буда, ба он набояд назари сатҳӣ дошт».

«Барои сарфаҳм рафтан ба ин масъала мутахассиси соҳибтаҷриба мебояд буд, вале ҳама гуна изҳорот ё пешниҳоди бемулоҳиза аз ҷониби мардум метавонад нодуруст баҳогузорӣ шавад», - мегӯяд Шариф Раҳимзода.

Ба ақидаи ӯ, дар вазъи мушкили чор бонки Тоҷикистон ва имкон надоштани саҳмгузорони онҳо ба гирифтани амонатҳояшон буҳрони молии ҷаҳонӣ ва ба таври қобили мулоҳиза кам шудани интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар айбдор аст.

Вакили парлумон итминон изҳор кард, ки масъалаи бозпас гирифтани амонатҳо аз бонкҳои дучори мушкилот ҳал хоҳад шуд, «зеро дар ин бора чандин маротиба Президент Эмомалӣ Раҳмон изҳори ақида карда буд».

Шариф Раҳимзода ҳамчунин зикр кард, ки тибқи маълумоти БМТ, аз оғози сол «Тоҷиксодиротбонк» ба саҳмгузоронаш аллакай 900 млн. сомониашонро баргардонида, даромади ин бонк аз оғози ҳамин сол 55 млн. сомониро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки вакили палатаи поёнии парлумон, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов имрӯз дар ҷаласаи парлумон истеъфои раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзодаро тақозо намуд.

Дар навбати худ Ҷамшед Нурмаҳмадзода изҳор дошт, ки пеш аз талаби истеъфои ӯ, як каме андеша мебояд кард…

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.