Пас аз маросими видоъ бо генерал Қосим Сулаймонӣ, ки аз ҳамлаи ҳавоии ИМА дар Ироқ кушта шуд, метавон мухолифати шадиди Эрон ва ИМА-ро дар ҷойи фоҷиа интизор дошт.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” роҳбари Иттиҳодияи миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон Абдуғанӣ Мамадазимов изҳор дошт, ки парлумони Ироқ бо афзалияти вакилони шиамазҳаб аллакай дар бораи қатъи ҳамкорӣ бо эътилофи байнулмилалӣ таҳти сарварии ИМА овоз дод.

“Ба истилоҳи дигар, нерӯҳои низомии амрикоӣ заминаи байнулмилалии ҳуқуқии ҳузури худро дар Ироқ аз даст доданд, аз ин рӯ, ин кишвар ба макони муқовимати шадид байни Эрону ИМА табдил меёбад”, - таъкид дошт Мамадазимов.

Коршиноси тоҷик тахмин мезанад, ки ояндаи наздик Ироқ ба “саҳнаи амалиёти низомӣ байни нерӯҳои зудамали амрикоӣ ва гурӯҳҳои низомии шиамазҳаби эронӣ” табдил ёфта метавонад.

Ба ақидаи ӯ, агар Исроил ҳам ба ин ихтилофи шадид ҳамроҳ шавад, “пас саҳнаи муқовимати бевосита ба тамоми Ховари Миёна густариш ёфта, Сурия, Яман, Фаластин, Лубнон ва ҳатто Афғонистонро фаро мегирад”.

“Пешгӯйии пайомадҳо дар ин ҳолат душвор аст, зеро ҷанги ғайримустақим (гибридӣ) ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла, Аврупои тинҷу осоишта ҳам интиқол ёфта метавонад, ки дар он ҷо сафоратхонаҳои амрикоӣ ва дигар муассисаҳо ҳадафи ҳамла қарор гирифта метавонанд”, - афзуд Мамадазимов.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.