Фардо, 17-уми март дар Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба кор шурӯъ мекунад. Дар он раиси нави палатаи поёнии парлумон интихоб шуда, Шукурҷон Зуҳуров, ки тайи 10 соли ахир дар ин мансаб ифои вазифа мекард, ба истеъфо меравад.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти парлумон чанде аз андешаҳояшро баён кард.

Ӯ бар ин назар аст, ки бархе аз “шахсони назари мухолифдошта ба ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш мекунанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе воситаҳои ахбори хориҷӣ фаъолияти парлумони кишварро манфӣ арзёбӣ кунанд”.

“Онҳо мегӯянд, замоне фаъолият дар парлумони Тоҷикистон дар ҷӯшу хурӯш буда, акнун санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба баррасии парлумон пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат бидуни монеа қабул мешаванд ё ба истилоҳи дигар вакилон “ба маҷрои об шино мекунанд”, - иброз дошт ӯ.

Ба гуфтаи Зуҳуров, “баҳсу ҷанҷол дар парлумон ҳеҷ гоҳ аломати вазъи солим ва фаъолияти муфид буда наметавонад”.

“Дар парлумон мавҷуд будани ахлоқу одоби зарурӣ ва эҳтироми тарафайн аз сатҳ ва самаранокии кори он гувоҳӣ дода, мавзунӣ ва мунтазамии фаъолият нишондиҳандаи фарҳанги баланд ва озодии парлумон мебошад”, - гуфт Зуҳуров.

Ба қавли ӯ, интиқодҳо нисбат ба парлумони даъвати пешинро метавон “интиқод ба имкони рушди муколамаи ҷамъиятӣ ва демократия дар кишвар унвон кард”.

“Замони начандон дур маҳз ҳамин гуна интиқоду фишороварӣ дар кишвари мо боиси задухӯрдҳои мусаллаҳона шуданд. Саҳифаи фоҷиабори фаъолияти парлумони Тоҷикистон бояд барои сиёсатмадорони имрӯза ва оянда сабақ бошад”, - чунин мешуморад Зуҳуров.

Вай ҳамчунин мутмаин аст, ки “замони зиддият, бетартибиҳо, гапфурӯшӣ, душманӣ ва ҷанҷолҳои нолозим, ки бо коррупсия ва бетартибиҳо дар парлумон иртибот доштанд, бебозгашт рафтанд”.

“Парлумони касбӣ, вакилони имрӯзу ояндаи он ҳуқуқ надоранд, ки ба ин васила фазои қонунгузорӣ ва ҷараёни афкори ҳуқуқии мардумро вайрон кунанд”, - мегӯяд ӯ.

Ба ақидаи Зуҳуров, “ яке аз афзалиятҳои Тоҷикистон нисбат ба бархе аз кишварҳо дар шароити буҳрони ҷаҳонии чанд соли охир маҳз дар ҳамин гуна фаъолияти ҳамоҳанг ва мувофиқашудаи ҳукумат ва парлумон ифода меёбад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.