Агар донишамон ислоҳи тафаккури рӯзмарраамонро натвонад, пас он дониш нест. Аз ин ки соҳиби рисолаҳову китобҳоем, набояд пеши дигарон мағрур бошем, зеро ки донистаҳоямон ба ҳар андозае амиқу азиму васеъ бошанд, дар баробари нодониамон заррае беш нестанд.

Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури аҳли фарҳанг ва илми кишвар борҳо бар ҷойгоҳ ва манзалати волои илму олим таъкид карда ва ба ҳузурин мефармояд, ки илму донишро бояд эҳтиром намуд ва дифоъ аз эътибори олим кард.

Аз он ҷо, ки бахше аз суҳбатҳои Раиси ҷумҳур марбут ба ҷойгоҳи таърихи миллӣ ва ашхоси маъруфи таърих буд, хостам назароти интиқодии хешро дар он маврид ироъа карда бошам. Ин бор низ дар паёми худ Раиси ҷумҳур мехост бигӯяд, ки барои муаррихон доштани илму дониш кофӣ нест, балки аз он истифодаи хубе карда бошем. Ӯ сареҳан мегӯяд:

“Аммо бояд иқрор шуд, ки кор дар ин самт дар сатҳи қаноатбахш ба роҳ монда нашудааст… Натиҷаҳои фаъолияти бостоншиносон қонеъкунанда нест…”

Раиси ҷумҳур зимни муаррифии худ ба унвони раҳбари ғамхор ва ҳомии мероси фарҳангӣ ва таърихӣ мефармояд:

“Миллатҳое хастанд дар дунё, аз хеҷ чӣ, дар ҷойи хушку холӣ, дар болои қум давлату миллат сохта, муаррифии ҷомеъаи ҷаҳонӣ карда истодаанд. Мо чӣ? Чӣ намерсад ба мо? Маблағ?! Баҳона шуда наметавонад!”

Интиқоди ӯ аз вазъи илму дониши кишвар дуруст аст. Ва аммо ҳуши бедор ва гӯши шунаво ку?

Бояд бар он биандешем, ки бо амали хеш доноиро помол кардаем ва нодониро меситоем. Ҷомеъае, ки ҳимоят аз хирадмандонаш намекунад, гирифтори ҷаҳлу нодонӣ хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳур дар суханрониҳояш таъкиди мукаррар бар он дорад, ки донишро бояд аз тариқи тарҷума, диҷитол ва интернет ташвиқу таблиғ кард. Ӯ бо таъкиди махсус дар мисоли китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров мегӯяд:

“Ва баръакс, ман супориш додам, аввалин коре карда будам, китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро ба забонҳои дигар: англисӣ, арабӣ, франсузӣ, чинӣ ва ғ. (тарҷума) карда, пешниҳод кардан даркор, (ба интернет) патрофтан даркор. Имрӯз ин проблема нест. Ба воситаи интернет. Дигар миллатҳо аз таърихи тамаддуни тоҷик бохабар бошанд!”

Ин пешниҳод ва ё тавсияи Раиси ҷумҳур бисёр бамавриданд. Вале зоҳиран, пешниҳодоту дастуроти корсози раҳбари кишвар ҳеч дахле ба масъулини Академия ва марказҳои дигари илмӣ ва пажӯҳишӣ надоранд. Агар ин бардошт дуруст нест, пас чӣ боис шуда, ки PDF-ҳои муҳимтарин китобҳои марҷаъ, аз қабили: аслитарин донишномаи миллӣ, донишномаҳои дигари тахассусӣ ва бисёр дигар китобҳову рисолаҳои дифоъшуда ҷиҳати мутолиаи ниёзмандон солҳост, ки ба гунаи ройгон гузошта нашудаанд? Раҳбарияти муассисоти илмӣ агар тавсеъаи илму донишро дар миёни мардум намехоҳанд, пас онон аз одамон чӣ мехоҳанд?

Ин вазъи нописанду номатлуб бар он дорад, ки дар ҷомеъаи тоҷикон на танҳо баҳраи молии шаҳрвандон тороҷ мешавад, балки амдан ҳаққи маънавии миллат ба хоки зиллату пастиҳо кашида мегардад. Шармовар аст, ки дар асри диҷитол шаҳрвандоне, ки мехоҳанд аз китобҳои мавриди назарашон истифода намоянд, имкони пайдо кардани PDF-и онҳоро ҳатто дар сомонаҳои марказҳои илмии кишвар надоранд.

Таърифу тавсифи коршиносони Академия аз китобҳои Раиси ҷумҳур, ки дар бахши таърихи миллӣ таълиф шудаанд, зиёда маъруфу машҳуранд. Ва пӯшида ҳам нест, ағлаби осори таърихии Пешвои миллат ба забонҳои дигаре, чун арабӣ, форсӣ, чинӣ ва ғ. тавассути кормандони илмии Маркази таҳқиқоти истротежии Тоҷикистон тарҷума шудаанд.

Модоме, ки интиқодҳо ва тавсияҳои раиси ҷумҳур дар нашри дониш айни хақиқатанд, пас чӣ омиле ва ё мавонеъе дар ин миён эҷод шуда, ки миллати тоҷик ҳам дар дохил ва ҳам берун аз кишвар маҳрум аз оддитарин имконоти мутолиаи осори гаронбаҳои Пешвояш аст?

Магар худ Раиси ҷумҳур намехоҳад, ки миллати тоҷик бо афкору андешаи таърихии раҳбари кишвараш ошно шавад? Магар нависанда бо худ ва пиндораш ситез дорад? Менависад ба хотири ин, ки навиштаҳояшро касе ба ҷуз атрофиёнаш нахонад?

Чӣ касонеанд намегузоранд, ки алоқамандон равандҳои таърихро аз забони худи муаллифи ин осори гаронбаҳо бишносанд? Чӣ мушкилӣ дорад, агар пажӯҳишҳои таърихии Раиси ҷумҳур дар миёни мардум ройгон аз тариқи диҷитол ва ё дар сомонаҳои интернетӣ пахш гарданд?

Дигар аз мавзӯъоте, ки Раиси ҷумҳур мавриди интиқодаш қарор медиҳад, қазияи масъулини «асардузд» аст. Ошкор аст, ӯ борҳо интиқод аз ин падидаи шум карда ва умедвор ҳам аст, ки «муҷримони илм» танбеҳ хоҳанд шуд. Валек иҷрои ин ҳама аҳком ва асаре аз фармоишоти Пешвои миллат ку? Ҳамагон медонанд ва пинҳон нест, ҳамон асардуздонанд, ки соҳиби «обрӯву мақоми бештар ва беҳтаре» мешаванд. Пас, бояд пурсид усули адолат ба чӣ далел ва аз тарафи чӣ касоне ва ё гурӯҳе риоят намешавад?

Илми олим агар ҷаъл бошад, пас он заҳр барои ҷомеъа мешавад. Қазияи дуктур шудани афроди тасодуфӣ дар ҷумҳурии мо мисли об хӯрдани ҷонварон шудааст. Ҳар бемаърифати пулдор олим ва ҳар бесавод соҳиби унвони илмӣ мешавад. Ҳамаи шабеҳолимон тарсуанд ва онон аз пахши рисолаҳо ва китобҳои шабеҳилмашон дар сомонаҳои илмӣ-пажӯҳишӣ ҳарос доранд.

Чунин ба назар менамояд, муаллифин аз заъфи илмашон нигаронанд ва ё масъулини пажӯҳишгоҳҳо намехоҳанд бар «бизнесашон» халале эҷод шавад. Ғаразҳои шахсӣ ва хостаҳои гурӯҳии масъулин боис шудаанд, ки эътибори илму дониш дар ҷомеъа сахт костааст. Нек бояд донист, масъулине, ки дари маъбадаи донишро ба рӯйии донишдӯстон мебанданд, дарвозаҳои ҷаҳлу нодонӣ ба рӯйи ҷомеъа боз мешаванд.

Воқеъият ин аст, ки то ба ҳол ҳеч як аз рисолаҳои дифоъшуда, мухтасари онҳо (авторефератҳо) ва низ китобҳои нашршудаи онон дар сомонаҳои институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар шакли PDF гузошта шуда бошанд, дида нашудаанд. Имкони шиносоии мутахассисон бо матни авторефератҳо пеш аз ин ки иқдом барои дифоъи рисола шавад, аслан вуҷуд надорад, чӣ расад ба чопи нақдҳои мунаққидони таълифоти илмӣ-пажӯҳишӣ.

Гоҳе бар он мебояст бияндешид, ки тамомии бори масъулини Академия ва ҳамаи махориҷи пажӯҳишҳо бар дӯши бечорагон ниҳода шудаанд. Ба ҷойи ин ки раъй ва дасти кумак ба ниёзмандони маърифат диҳанд, раҳбарони муассисоти илмӣ-пажӯҳишӣ амдан ба ҳаққи ниёзмандони маънавиёти шаҳрвандон зомин шудаанд. Бо камоли таассуф, масъулини аслитарин даргоҳи илму дониш ва ағлаби марказҳои дигари илмӣ-пажӯҳишӣ шарм аз касе надоранд. Ин худпарастон ба хотири хостаҳояшон корҳоеро анҷом медиҳанд, бар зарари ҷомеъа тамом мешаванд.

Замоне, ки миллат сахт ниёзманди тақвияти решаҳои ҳувияти таърихии хеш аст, масъулини Институти таърихи Академия шефтаи худбартарбинианд. Шояд ба ин хотир бошад, ин аҳаммияти зикри таҷлил ва арҷгузории машҳуртарин воқеъоти таърихи миллиро дар ҷомеъаи илмӣ пок фаромӯш кардаанд. Чунончӣ, дақиқан 1300 пеш суғдиёни озодихоҳ дар баробари истилогарони араб иттиҳоде созмон дода ва дар ҳудуди ду сол аз ҳаққи худ ва номуси қавмӣ ва миллӣ дифоъ карданд. Муборизаҳои Деваштич ва ҳамтоёнаш дар номаҳои рӯзгорон ва манобеъи таърихӣ сабт шуда ва вазифаи муҳаққиқин аст, ки рӯйи ҳамаи додаҳои илмӣ гаштаву баргашта аз зовияҳои мухталиф чира шаванд.
Пурсиш аз масъулини Институти таърихи Академияи илмҳои кишвар ин аст: чӣ боис шуда, ки мавзӯъи таҷлили илмии корномаҳои қаҳрамони миллӣ ва зикри ёди муборизони воқеъоти солҳои 720-722 дар ҷомеъаи ниёзманд ба ҳувияти таърихӣ ба боди фаромӯшӣ супурда шудааст?

Агар сарварони илми дурӯғин хобанд, онон набояд бар ин фикр бошанд, ки дигарон ҳам дар ҳоли хобанд. Шояд посухи Раёсати институт ба интиқоди тараф ин бошад, ки ахиран, «рисолаҳои илмӣ» дар робита бо мавзӯъоти муборизоти мардуми тоҷик алайҳи истилогарони араб дар шӯрои илмии Институти таърих дифоъ шуда ва гӯйӣ низ «таълифоти арзишманде» аз сӯйи муаллифоне ба рӯйи чоп расидаанд. Ва аммо ранги осори чопшуда аз ҳоли илм мегӯяд.

Бисёр дида шудааст, бо ин ки иддаи зиёде аз муаллифин дар рисолаҳои номзадӣ ва дуктурии худ таъкидҳои мукаррар доранд, ки назарҳошон дар қазияи фулон мавзӯъи таърих ба кулл навест, вале ин бехабарон намедонанд, ки «дидгоҳҳои хос»-и эшон беш аз 70 ё 50 сол пеш тавассути муҳаққиқини пешин изҳор шуда ва гоҳе бамаротиб беҳтару илмитар аз муддаъёни илми асри XXI тафсир кардаанд.
Илми таърихнигории миллӣ бенаво шудааст. Агар мутахассисини дараҷаи аввали Институти таърихи Академия тавони посухи илмӣ бар иддаъоҳо ва шиорҳои нави донишмандон ва муаррихини ҳамҷавори худ надоранд, пас чӣ гуна метавонанд дар баҳсҳои илмии муҳим ва матраҳ дар илмӣ ҷаҳони имрӯз ширкат варзанд? Фақат дар ин миён миллат дилшикаставу навмед мемонад, зеро ки ағлаби муаррихини мо хонашерону майдонғарибанд.
Бо камоли таассуф, ағлаби рисолаҳои дифоъшуда ва таълифоте, ки дар замони раёсати академик Фарҳоди Раҳимӣ заминаҳои мухталифи таърихи миллӣ, бахусус дар таърихи асрҳои миёна нашр шудаанд, сареҳан, навовариҳои илмие, ки қобили ситоиш бошанд, надоранд, ки албатта, нақди илмии муфассали ин қазия бафурсат дар ҷойи дигаре хоҳад омад.

Бо ин ҳол, вазъи бархе аз номҳои бузургон ва воқеъоти таърихӣ дар донишномаи нави миллӣ метавонад нишонгари вазъи номатлуб аз сатҳи илми таърихнигории муъосири миллӣ бошад. Шармовар аст, мадхале, ки бо номи «Деваштич» дар Донишномаи нави миллӣ (Ҷ. 5. Ғ-Дироя. Душанбе, 2017, С. 431), ки аз номи муаллими шодравон А. Ҷалилов таҳия шудааст, ба ҳадди хорист.

Ба ростӣ, мақолаи мазкур бисёр ва бисёр ноқис аст. Дар ин мадхал ба шахсияти таърихии Деваштич ва воқеъоти солҳои 720-722 аслан таҷдиди назар нашуда ва муҳтавои он фаротар аз додаҳои илмии солҳои 70-80 қарни гузашта нарафтааст. Ин дар ҳолест, ки ҳамвора таҳқиқоти арзишманде дар робита бо ин воқеъоти муҳимми таърихӣ тавассути муаррихин ва ховаршиносони кишварҳои хориҷӣ ба чоп расида ва мерасанд.

Дар китобҳои марҷаъи таърихи миллат, ки аз тарафи Институти таърихи Акдемия ба чоп расидаанд, тафсир ва тавсифи ҷойгоҳи дурахшонтарин рӯйдодҳои таърихӣ ва номи қаҳрамонони дигари миллӣ низ дар ҳоли зиллату хорӣ қарор доранд. Пайваста пурсиши дигаре ин аст. Гуноҳи шахсияти таърихие чун Темурмалик ва ҷурми муборизони хуҷандӣ дар гузаштаву имрӯз чӣ будааст, ки масъулини Институти таърихи Академия бо амали хеш ҷойгоҳи воқеъаи Хуҷандро ба гунае ғайри мустақим маҳкум мекунанд?

То ин муддат боре ҳам матраҳ нашудани мавзӯъи таҷлили 800-умин солгарди ин рӯйдоди азими таърихи муборизаи озодихоҳиии миллати тоҷик дар шӯрои илмии Академия, дар амал беҳтиромӣ нисбат ба бузургони таърих аст. Ба унвони як тан аз муаррихини масъул ва ҳомии таърих ва мероси миллӣ мавқеъгирии раҳбарияти Институти таърихро нисбат ба қазияи мазбур, ба навъи худ тавҳине ба равонҳои абармардони таърих медонам.

Амале, ки дар қазияи зикри ёди бузургони таърих аз сӯйи масъулини Инситути таърих анҷом мешавад, моҳиятан аз бархӯрди душманонашон ҳеч тафовуте надорад. Тафовут ин аст, ки хасмон ҷисми қаҳрамононро нобуд мекарданд, вале ҳоло «ворисон» равонҳои онҳоро аз хотираи таърих ва зеҳни миллат маҳв мекунанд.

Ба далели ин ки ин мавзӯъ ба андозаи кофӣ дар навиштаҳои мо борҳо мавриди интиқод қарор гирифтааст, тавзеҳи дубораи онро дар ин сафаҳот бемаврид мебинам. Фақат посухе ба ин пурсиш мехоҳам. Ба ростӣ, дар ин васат кист, ки намехоҳад номи родмардони таърихи миллӣ ва ҷойгоҳи хуҷандиёни мубориз дубора дар ҷомеъа зинда шавад?

Оре, илм қудрат аст, вале агар олим боинсоф бошад, дар ғайри сурат фарди муддаъӣ ба илм шахсияташро ҳам зери суол хоҳад бурд. Ҳеч миллате наметавонад пешрафт кунад, магар ин ки илму донишаш нирӯманд бошад.

Ва набояд ин ҳақиқати маҳзро низ фаромӯш кард, ки умури сиёсӣ фақат барои ҳалли мушкилоти сиёсии имрӯз, вале дониши ҳақиқӣ барои ҳамеша аст. Пас, илми ҳақиқӣ гаронқадртарин ганҷ барои пешрафт ва олим муътабартарин фард барои ҷомеъа мебошанд. Аз ин рӯ, инсони фозил бояд ба қадри он чизе, ки арзишманд аст, бирасад. Вагарна мардуми нодон хармӯҳраҳоро дурру гавҳар мепиндоранд.

Ин матлаб дидгоҳи шахсии муаллиф буда, баёнгари мавқеи “Азия-Плюс” нест.