Интишори ҳамарӯзаи бемории сироятии коронавирус аҳолии сайёраро ба ташвиш овардааст. Дар пайи интишори бесобиқаи ин бемории сироятӣ дар саросари ҷаҳон тадбирҳои гуногунӣ маҳдудкунӣ рӯйи даст гирифта шудааст. Махсусан, кишварҳои алоҳидаи мусулмонӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бештари ин вирус фаъолияти масҷидҳоро муваққатан қатъ карданд.

Хушбахтона, ин бемории хатарнок то ҳол дар кишвари мо ба қайд гирифта нашудааст ва ин боис гардид, ки имрӯз дар масҷидҳои ҷомеи кишвар дар фазои субот намози ҷумъа баргузор гардад. Ходимони дини кишвари мо дар мавъизаҳои худ бо шукргузорӣ аз фазои орому пурсуботи Тоҷикистони азиз намозгузоронро ба эҳтиёткорӣ ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдошти саломатӣ даъват намуданд.

Ходимони дин бо ёдоварӣ аз иқдомоти муассири Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ аз ин вируси даҳшатнок таъкид доштанд, ки аз рӯзҳои аввал бо дарки хатар ва паёмадҳои ҷиддии ин бемории сироятӣ Ҳукумати мамлакат як силсила иқдомҳои муҳим ва саривақтиро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, маҷмӯи чорабиниҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ ба таври дуруст ва бо масъулияти баланд ба роҳ монда шуд, ки ин ҳолат пеши роҳи паҳншавӣ ва сироятёбии мардуми Тоҷикистонро то имрӯз гирифт. Дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ назорати қатъию саривақтии рафтуомади шаҳрвандон ба роҳ монда шуд, шахсоне, ки дар онҳо таби баланд ба назар мерасид, ба карантин фаро гирифта шуда, мавриди муоинаи табибон қарор гирифтанд. Ҳукумати Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҳудуди 50 нуқтаи карантинӣ барои шахсони аз кишварҳои гирифтори вирус баргаштаро таъсис дод, ки дар нуқтаҳои мазкур ҳамватанони мо, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ дар шароити муносиб ба карантин фаро гирифта шуданд. Дар ҷумҳурӣ ба таври фаврӣ дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо бемористонҳо барои табобати ҳолати эҳтимолии сироятёбии шаҳрвандон, бо тамоми лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз карда шуданд. Имрӯз дар кишвари мо доруворӣ, лавозимоти тиббӣ ва маводи дезинфексионӣ ба қадри зарурӣ захира карда шудаанд.

Имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ бо таваҷҷуҳ ба сару садоҳое дар мавриди таҳлука ва овозаҳои беасос миёни мардум иброз намуданд, ки тибқи омори расмӣ ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 25 ҳазор тонна орду гандум, беш аз 5 ҳазор тонна равған, 2 ҳазор тонна биринҷ, 5 ҳазор тонна шакар, 5 ҳазор тонна гӯшти парранда ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд. Ин нишондиҳанда танҳо як ҳафтаро дарбар гирифта, минбаъд низ ҳамарӯза маҳсулоти озуқаворӣ ба қадри кофӣ ворид карда мешавад. Гузашта аз ин, аз ҷониби давлат ба қадри лозимӣ маводи озуқаворӣ захира карда шудааст, ки барои таъмини ниёзи аҳолӣ барои муддати тӯлонӣ кифоят мекунад. Дар бозорҳо норасоии маводи озуқаворӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, барои таҳлука ягон асоси воқеӣ нест.

Бо зикри он ки дар аксар давлатҳои ҷаҳон ҳолати карантинӣ эълон гардида, масҷиду калисоҳо баста шуданд ва ҳатто маркази дини ислом  – Арабистони Саудӣ маросими ҳаҷро манъ намуд, ибодатгоҳҳои калонтарини мусулмонон – Масҷиду-л-ҳаром, Масҷиди Набавӣ, Масҷиди Ақсо баста шуданд, тавоф дар атрофи Хонаи Каъба ва саъй байни Сафову Марва муваққатан номумкин шуд, дар давлатҳои ба мо ҳамсояи Чин, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон фаъолияти масҷиду калисоҳо боздошта шуд, дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон фатвои махсус содир гардида, омадани одамон ба масҷид пурра манъ карда шуд, ходимони дин аз намозгузорон даъват намуданд, ки қоидаҳои беҳдоштро ба таври ҷиддӣ риоя намоянд:

Дар баробари баста будани масҷидҳои тамоми кишварҳо, озодона фаъолият кардани масҷидҳои мо, ҳамагонро вазифадор месозад, ки як қатор қоидаҳоро қатъӣ риоя намоем.

Бояд зикр кард, ки дохили масҷид аз ҷиҳати сирояти коронавирус ҷои аз ҳама осебпазир мебошад, зеро дар он ҷо одамон аз минтақаҳои гуногун, соҳиби касбу кори гуногун, роҳгузарон дар як фазои маҳдуд ҷамъ омада, намоз мехонанд. Аз як саҷдагоҳ ва ё як ҷои намозгузорӣ дар панҷ вақти намози якрӯза шахсони гуногун истифода мекунанд. Дар ин ҳолат эҳтимолияти сироят якчанд маротиба меафзояд. Дар чунин вазъ ҷиҳати пешгирии сироятёбии одамон мунтазам панҷ маротиба пеш аз намоз ва баъд аз он пурра дезинфексия кардани бинои масҷид, таҳоратхона ва гирду атрофи он, инчунин назорати пӯшидани ниқоб мушкил ва ғайриимкон аст.

Дар идома ходимони дин бо такя ба манобеи шаръӣ таъкид доштанд, ки воқеан дар чунин шароити ҳассос хондани намоз нисбат ба масҷидҳо дар хона афзалтар мебошад:

Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Шахси мариз назди шахси тандуруст оварда нашавад”. Олимон зимни ҳадиси мазкур фармудаанд: «Шахсони солим набояд бо касоне, ки ба бемориҳои сирояткунанда гирифторанд, нишасту бархост кунанд, то ин ки беморӣ ба онҳо нагузарад».
Дар ҳолати паҳншавии бемориҳои сироятӣ, номусоид будани вазъи ҳаво ва тарс аз душман дар хона намоз гузоштан ҳам фазилати бузург дорад, зеро шумо ба ин васила худ ва дигаронро аз сироятёбӣ эмин нигоҳ медоред. Зеро намозе, ки ба василаи он ба дигар одамон зарари ҷиддӣ мерасад дар назди Худованд қабул намегардад. Дар ин хусус аз Абдуллоҳ ибни Ҳорис (р) ривоят аст, ки Ибни Аббос (р) дар яке аз рӯзҳое, ки (борон борид ва) роҳ лой буд, хутбаро хонд ва ба муаззин амр кард, ки ба мардум бигӯй, то намозҳоро дар хонаҳои худ адо намоянд. Дар шарҳи ҳадиси мазкур гуфта шудааст, ки: «Борону сардии шадид, беморӣ ва тарс аз душман ҳозир нашудан ба намози ҷамоатро ҷоиз мегардонад».
Аз ин рӯ, дар ҳолате, ки намозхонии мо дар масҷид метавонад ба кулли мардум хатари ҷиддӣ дошта бошад, моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки фақат дар хона ва он ҳам дар алоҳидагӣ намоз хонем.

Имомхатибон дар мавъизаи худ ба масъалаи намозгузорӣ дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла роҳравҳои атрофи масоҷид дахл намуда, ин амалро дар шароити феълӣ маҳкум карданд:

“Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки дар кӯчаву роҳравҳои назди масҷидҳо дар ҷойҳои ифлосу нопок намозхонии одамон ба назар мерасад. Ин гуна ашхос эҳтимолияти сироятёбиро зиёдтар намуда, атрофиёнро низ зери хатари сироятшавӣ мегузоранд. Намоз дар чунин ҷойҳо ботил буда, қабули даргоҳи илоҳӣ намегардад ва намоз дар ҷойҳои ифлос ҳаром аст. Зеро яке аз фарзҳои берунии намоз – ҷойи пок аст! Ҳатто дар Маккаву Мадина намегузоранд, ки одамон дар кӯчаву роҳравҳои назди масҷид намоз хонанд”.

Ходимони дин намозгузоронро ба худдорӣ аз зиёдаравӣ, махсусан дар анҷоми ибодатҳо дар вазъияти мураккаби феълӣ ҳидоят намуданд:

“Мо бояд кӯшиш кунем, ки дар ибодат зиёдаравӣ накунем, нашавад, ки ба масҷид омадани мо сабаби сироятёбии худ ва дигарон гардад, ки ин худ гуноҳи азим аст. Дар вазъияти баамаломада дар намозҳои ҷамоат, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҷамъ шудани издиҳоми зиёди мардум ба таъбири қуръонӣ «худро ба вартаи ҳалокат афкандан» аст. Чунончи Худои таъоло дар ояти 195-уми сураи муборакаи «Бақара» мефармояд: «Ва хештанро бо дастҳои худ ба (вартаи) ҳалокат маафканед».
Шахсоне, ки дар онҳо нишонаҳои бемории зуком ё дигар намуди бемориҳо мавҷуд бошад, ба ҷойҳои издиҳоми мардум наомада, ба беморхона муроҷиат намоянд. Аз намозхонон хоҳиш мегардад, ки барои ҳифзи саломатӣ ва бехатарии ҳамдигар, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқоб истифода баранд. Бе ниқоб гаштан куллан ҷоиз нест! Аз ҳамаи ҳозирин хоҳиш менамоем, ки ин суханонро ба дигарон расонед, хусусан, ҳар кас дар оилаи худ қоидаҳои беҳдоштро ҷорӣ намояд. Аз ҳамаи шумо намозгузорони муҳтарам эҳтиромона ва қотеона даъват менамоем, ки ҷиҳати пешгирӣ аз ин сирояти даҳшатбор, ҳифзи саломатии шахсӣ, аҳли оила, хешовандону наздикон ва атрофиён новобаста аз синну сол ба масҷид наомада, намозҳоро фақат дар хона анҷом диҳед. Дар чунин ҳолат беҳтарин намозгузорон онҳоеанд, ки намозҳоро дар хона адо намуда, худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус эмин нигоҳ медоранд, зеро беҳтарин мусулмон касест, ки аз дасту забони ӯ дигарон саломат ва эмин бошанд”.

Дар охир ходимони дин даст ба дуо бардошта, аз даргоҳи Худованд талаби сулҳу амонии Ватан, офияти кулли ҳамдиёрон ва тамоми мардуми сайёраро намуданд.