Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул кард, ки дар он барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ дар бораи пандемия тариқи ВАО ҷарима пешбинӣ шудааст.

Агар лоиҳаи қонун мавриди амал қарор гирад, барои паҳнкунии чунин маълумот шахсони воқеӣ сар аз 580 сомонӣ ва ВАО ба маблағи то 11 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима шуда метавонанд. Барои ҳукми қонунӣ гирифтани лоиҳаи қонуни мазкур он бояд аз ҷониби сарвари давлат ба имзо расад.

Дар ин робита саволи мантиқие ба миён меояд: оё Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоти давлатӣ барои паҳн кардани “маълумоти носаҳеҳ ва бардурӯғ” мавриди амали қонуни мазкур қарор гирифта метавонанд?

Боз як саволи дигар: агар ин қонун аллакай давоми моҳҳои феврал-март амал мекард, пас давлат киро ҷазо медод - Вазорати тандурустиро, ки мегуфт дар кишвар коронавирус нест ё рӯзноманигорон, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро, ки дар бораи аллакай паҳн шудани коронавирус дар Тоҷикистон бонги хатар мезаданд?

Пеш аз ҷорӣ кардани ҷазоҳо ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод дорам, ки ному насаби ҳамаи 48 нафари аз коронавирус фавтидаро нашр намояд. Агар чунин шавад, пас дарҳол маълум хоҳад шуд, ки киро ҷазо мебояд дод.

Дар баръакси ҳол, лоиҳаи қонуни мазкур бештар на ба ғамхорӣ ба ҷомеаи тоҷикистониён, балки ба кӯшиши муҳри хомӯшӣ задан ба даҳони рӯзноманигорон ва мардуми одӣ монандӣ хоҳад дошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.