Бозор Собир, пурбаҳстарин шахсияти адабиёт, рӯзноманигорӣ, сиёсат ва маҳофили фарҳангиву хусусии Тоҷикистон, шоир хушном ва забардасти тоҷик агар умр вафо мекард, имрӯз 85-сола мешуд. Ӯ панҷ соли пеш дар шаҳри Сиэтли Амрико, ки бештар аз 20 сол дар он ҷой фирориву паноҳанда буд, даргузашт. Ин навишта аз чор сол пеш аст, ки бо баъзе тағйирот дар зодрӯзи шоир бознашр мешавад.

Даргузашти Бозор Собир мисли даврони зиндагияш баҳсҳои гарме дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар маҳофили сиёсии Тоҷикистон офарид, ки ҳатто ин баҳсҳо ба Ҳукумати Тоҷикистон низ марбут шуданд. Ин ҳама ба он бастагӣ дошт, ки Бозор Собир дар баробари Лоиқ ва Гулрухсор аз мардумитарин шоирони мо буд ва ҷойгоҳи бисёр муҳтараме миёни мардум дошт.

Мо ба андозаи ин се шоири тавонову хушном шоири дигаре надорем, ки то ин ҳад мардумписанд буда бошанд. Ҳарчанд дар ин авохир шоирони қавие ҳам дорем, вале миёни мардум ва иҷтимоъ зиёд “ҳазм” нашудаанд. Ин буъди иҷтимоӣ ва шоирии Бозор Собир сабаб шуд, ки шахсияти ӯ ҳамроҳ ба баҳсҳо ва чолишҳое буда бошад.  

Бозор Собир ва муборизаву озодихоҳии тоҷикон

Агар аз лағзишҳои идеулужик ва ақидатиаш бигзарем Бозор Собир яке аз самбулҳои мубориза ва озодихоҳии тоҷикон чӣ дар даврони Шӯравӣ ва чӣ дар даврони истиқлол буд. Шахсияте буд, ки намоди мубориза ва як тафаккури танқидгаре барои ҳазорҳо пиру барнои замони худ гашта буд.

Ҳамеша дар фаъолиятҳо ва эҷодиёташ парадариҳои сиёсӣ карда ва дар сиёсату адабиёт аз мавқеи мардум сухан гуфтааст. Мешавад гуфт, ки яке аз виҷдонҳои бедори миллат буд. Касе буд, ки дар замони ҷаррор будани ҳукумати моноидеулужики куммунистӣ дар баробари дигар ҳамзамононаш (устод Қаноату Лоиқу Гулрухсор ва насли инҳо) ба шеъри беруҳу ситойишии шӯравӣ мазомини миллӣ ва ормонҳои худшиносӣ ворид кард ва амалан ба танвири афкори даврони рукуд пардохт.

Аз шахситҳое буд, ки барои ҳувият ва кистии миллӣ огоҳона мубориза мекард.  Ин буд, ки дар поёни солҳои 80-уми асри гузашта, дар замони неҳзати миллигаройӣ амалан ба ҳаракати равшанфикрӣ ва озодихоҳӣ пайваст ва ба яке аз пештозони ин ҳаракат табдил шуд. Яке аз аввалин касоне буд, ки медолу асноди “интернатсионалистияш”-ро аз ҷанги пуриштибоҳи Шӯравӣ дар Афғонистон ба майдон кашиду оташ зад ва ин даврони рӯзгорашро нанге барои худ хонд.

Ҳамчунин яке аз нахустин касоне буд, ки дар зиндатарину пурбаҳстарин парлумони Тоҷикистон (парлумони солҳои 90) бо нишони эътироз ба кори вакилону парлумон аз ваколаташ даст кашид ва шуҷоати бепешинае барои ҷомеаи мо нишон дод. Дар раъси неруҳои демократику миллигарой қарор гирифт ва барои ормонҳое, ки аксари кулли неруҳои равшанфикр ҷонибдори он буданд, мубориза кард.

Бояд гуфта шавад, ки яке аз маҳбубтарин шоирони ин даврон низ буд ва дар атрофу акнофи кишвар маҳофили шеър ва шабҳои эҷодияшро бо ҳамҳамаву дамдамае баргузор мекарданд. Албатта чун як шоир буд дар ин даврон лағзишҳои зиёди фикриву сиёсие ҳам дошт ва бо изҳороту шеърҳои эҳсосияш низ хеле маъруфият пайдо кард, ҳарчанд қисме аз ин мавзеъгириву шеърҳои шоир барои як шахсияте чун ӯ мувофиқ набуданд. Ин гуна гаройиш ва лағзишҳо, шӯрбахтона  аз шахсияти иҷтимоӣ ва сиёсии шоир то поёни умр хеле костанд.

Акс аз Фейсбук

Бозор Собир ва Ҳукумати Тоҷикистон

Чун неруҳои демократик ва ормонгаро шикаст хурд ва ҳукумати нав бо пуштибонии Маскаву Тошканд ба қудрат расид, яке аз қурбониёни нахустини ин ҳукумат ҳам Бозор Собир буд. Бозорро, дақиқан барои фаъолиятҳои сиёсиву мавзеъгириҳояш ба зиндон андохтанд. Баъдан, бино ба таъкиду навиштаҳои мукаррари шоиру хонаводааш ва бо дахолати созмонҳои байналмилаливу президенти вақти Русия Борис Елтсин шоир аз зиндон раҳо шуд ва аз тариқи Маскав дар ИМА сукунат ихтиёр кард. Аз ИМА ҳам Бозор Собир силсилаи навиштаҳоеро аз ҳар тариқ дар расонаҳои кишвар мунташир кард, ки ҳамагӣ баҳсбарангез буданд.

Соли 2009 ин ҷониб дар ҳафтаномаи “Фараж” як матлабе бо номи “Бозор Собирро бояд ҳукумат баргардонад” навишта будам. Дар ин матлаб гуфта будам, ки Бозор Собир аз дасти ҳамин ҳукумат ба зиндон уфтода буд, аз дасти ҳамин ҳукумат фирор кард ва аз ҳамин ҳукумат ранҷида буд. Бояд ҳамин ҳукумат ӯро боз гардонад. Инро аз як суҳбати ҳамсараш бо ҳамдонишгоҳиёни шоир эҳсос ва расонайӣ карда будам. Мантиқан ин дидгоҳ дуруст буд, зеро шоироне чун Бозор Собир бояд дар Ватан бошанд ва шоистаи ин нестанд, ки дар ғурбат дарбадариву ҳасратноманависӣ кунанд.

Ҳарчанд дар ин авохир навиштаҳои нав ва баҳсҳои тозае дар мавриди шеваи зиндонӣ шудан ва бозгардонидани шоир дар расонаҳои мо пайдо шуд, аммо худи бозгардонидани шоир аз ҷониби ҳукумат яке аз корҳои дуруст буд. Ҳарчанд истифода аз шахсият ва ҳайсияти шоир бо ҳадафҳои идеулужик ва таблиғ чандон кори мантиқӣ ба назар нарасид. Муҳимтар аз ҳама тан додани шоир ба шевае, ки худ дар тамоми барномаи зиндагияш бо он мубориза кардааст, ҳайратовар буд. Ин ҳам яке дигар аз лағзишҳои шоир буд, ки шахсияти бе ин ҳам пурбаҳсашро пурбаҳстар гардонд.

Сиёсатшиноси варзида Абдулоҳ Раҳнамо баъд аз зиёрати шоир ва ошно шудан бо рӯзгори ғурбат ва дидгоҳҳои даврони муҳоҷираташ дар ИМА, дар як мақолааш (ҳафтаномаи “Миллат”) навишта буд, ки “Бозор Собир дигар дар мо намеғунҷад”. Дар соли 2013 чун шоирро ҳукумат пас овард, аксар мегуфтанд, ки ҳукумат Бозорро дар худ мегунҷонад. Вале мо ҳамвора дидем, ки бо вуҷуди ситойишҳо аз ҳукумат Бозор Собир гоҳу ногаҳ аз муҳити офаридшуда эътироз мекард ва ин буд, ки натавонист барои ҳамеша ин ҷо бимонд ва дигарбора ба Амрико рафт. Бозор Собир бо шахсият, дидгоҳҳо ва лағзишҳояш натавонист дар ҳукумат бигунҷад ва ҳукуматро дар худ гунҷонид.

Бозор Собир, ки бидуни тардид яке аз чомасароёни тавонои қаламрави шеъри порсӣ аст, ба бовари аксари шеършиносон дар шеъри тасвирӣ ҳамтову ҳамсанги Нодирпур буд. Худи шоир ҳам гуфта буд, ки “Нодирпур ягона шоирест, ки ҳасад мебарам”. Ҳарчанд ба бовари ман аз нигоҳи андеша ва фикр шеъри Бозор як миқдор каммоягиҳое дорад, вале ҳамоно ӯ яке аз шоирони мутанафиз дар адабиёти поёни садаи гузашта ва қарни ҳозири форсист. Ӯ аз шоирони бедори мост, ки аз ҳама пештар ва бо шуҷоати бештар мазомин ва дидгоҳҳои сиёсӣ ва муқовиматро вориди адабиёт кард ва бидуни шакк агар шеъри поёни солҳои 80 ва авоили 90-умро як адабиёти муқовимат ном гузоштан дуруст бошад, яке аз садрнишинони ин адабиёт Бозор Собир аст.

Бозор Собир ва "куфр"-и ӯ

Баъди ошнойӣ бо ҷомеаҳои сармоядорӣ, шоир бар хилофи барномаи муборизааш дар даврони неҳзати миллигаройӣ, ба куммунизму Ленин рӯй овард. Шоире, ки бештари умри худро дар даврони куммунизм сипарида буду ба навиштаи проффесори шодравон Раҳим Мусулмониёни Қабодиёнӣ (дар китоби “Шеъри ғарқи хуни устод Бозор Собир”)  як мисраъ шеър ҳам дар бораи Ленин нагуфта буд. Ин рӯйкарди иҷтимоии Бозор Собир дар давроне сурат гирифт, ки аксари олам аз куммунизм мутанаффир гашта буд ва ҷуғрофиёи мо хотироти хубе аз “сотсиализми мутараққӣ” надошт.

Ҳарчанд ин рӯйкардҳои шоир эътирозоте ба ҷомеаҳои сармоядорӣ дониста мешавад ва тавҷеҳоте ҳам дорад, вале аз нигоҳи мо, ин аз дигари лағзишҳои фикрӣ ва ақидатии шоир буд, ки боз ҳам шахсияти худро ба чолишҳои тоза, вале ин бор ҷиддитар кашонд. Хусусан ин гуна мавзеъгирӣ барои ҷомеаҳои суннатии мо, ки тоза аз истеъмори сусиёлизм раҳойӣ меёфт ва нафрате ҳам ба он дошт, як миқдор хос набуд. Ҷомеайе, ки аз тангнойи як низоми мухолиф ба дин берун омада буд.

Баъди ин гуна гиройиш ва замоне, ки Бозор Собир бо сароҳат ва ошкоро гуфт, ки мусалмон нест ва атеист мебошад, баҳсҳои доғтаре дар мавриди шахсияташ сурат гирифтанд. Аммо бо фарқ аз дигар “атеистони ҷанганда” Бозор Собир боварашро бармалло кард ва изҳор дошт, ки мусалмон нест (албатта чӣ хуб мебуд, агар як мусалмон боқӣ мемонд).

Яке аз дастнависҳои Бозор Собир

Дар асри мо ҳар инсоне мухтор аст, ки чӣ боваре мегузинад ва ин ҳақро ҳам дорад, ки зиндагӣ кунад. Ин тағйирпазирӣ дар бовари шоир боис шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо тавҳину таҳқиру дашномҳои фаровоне ба одарасаш гуфта шавад.

Ҳарчанд худи Бозор Собир ба баҳси дину дунё ва ислому мусалмонӣ дар асри ҳозир чандон маданӣ бархӯрд намекард, хусусан ҳассосиятҳои мавзуъро дар чавкоти суннат ва ҷомеаи мо ба эътибор намегирифт, вале бино ба ҷавонмардии ростине, ки дар замираш буд, ошкоро суҳбат мекард. Зеро мо равшанфикрони калавандаи зиёде дорем, ки ба таъбири Хайём “на кофари мутлақанду на мусулмони тамом”, ки аз вуҷуди инчуниниҳо на фойидае барои дунёсту на хайре барои қиёмат. Фурсатталабҳойеанд, ки бо мусойид шудани вазъ ба ақидаи ҳоким мегараванд.

Бозор Собир бо шахсияти муттафариқ, бо дидгоҳҳои ҷанҷолбарангез, бо лағзишҳои фикриву ақидативу сиёсӣ, бо шеъри бисёр тасвиркоронаву ашъори ватанхоҳонааш барои ҳамеша мавзуъи пурбаҳси маҳофили мо боқӣ мемонад. Вале Бозор Собир ба унвони як падида  ва шахсити иҷтимою сиёсӣ хориқаи бисёр ҷолиб ва хосе барои Тоҷикистон буду мемонад.  

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.