ҲХДТ, ки имрӯзҳо 26 солагиашро таҷлил мекунад, таърихи ҷолиб дорад. Аслан замони беҳизбии комил ва барои раҳо шудан аз таънаи ба қудрат расидани "ҳукумати коммунистӣ"  10 декабри соли 1994 ташкил шуд. Асосгузорони ҳизб, ки дар аввал Ҳизби халқии Тоҷикистон ном дошт, дар мусоҳибаву ёддоштҳояшон зикр кардаанд, ки дар ибтидои пайдоиши идеяи таъсиси он зумрае аз ҳамсангаронашон  мухолифати ошкор доштанд. Далели ихтилоф ин будааст, ки ҳизбсозӣ элитаи ҳукмронро метавонад ба гурӯҳҳо тақсим кунад ва дар андешаи мардум фикреро бедор намояд, ки дар ҳукумати навпайдо ҳам оппозитсия ва ашхоси норизо зуҳур кардаанд.

Новобаста аз ин ҳизб таъсис ёфт ва  Абдумаҷид Достиев раиси он шуд.  Баъдтар ба номи ҳизб вожаи "демократӣ" -ро ҳамроҳ карданду ба роҳбариаш Эмомалӣ Раҳмонро оварданд. Ин иттифоқ дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 25 июни соли 1997 дар Анҷумани III Ҳизби Халқии Тоҷикистон пеш омад, ки номи ҳизб ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил ёфт. Президент Раҳмон бошад, 18 апрели соли 1998 раиси ҳизб интихоб гардиду ба ҳайси лидери нави ҳизб гуфт: «таърих гувоҳ аст, сиёсатмадороне, ки мехоҳанд дар кишвари худ ислоҳоти куллӣ гузаронанд, бояд қабл аз татбиқи барномаи стратегии худ ҳамсафон ва ҳаммаслақони худро ёбанд».

Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1998 раиси ҲХДТ мебошад

Бо ин вуҷуд, замони қабули ин қарор баҳси ҷиддии сиёсиву ҳуқуқӣ ба миён омад. Яке аз сабабҳои ихтилофи Қувват Султон, ки он замон ба ғайри раисии Кумитаи андоз ҳамчунин депутати Шӯрои Олӣ буд, бо элитаи ҳукмрон маҳз ҳамин ибтикор маънидод мешавад. Қувват Султон, тавре баъдан дар сӯҳбатҳояш мегуфт, ба ин нукта таваҷҷӯҳи мақомотро ҷалб намуд, ки қонунгузорӣ ба низомиён узвияти ҳизбиро иҷозат намедиҳад. Агар чунин аст, мегуфт ӯ,  пас президент, ки ҳамзамон Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мебошад, чаро аз меъёрҳои ин қонун канор монад?

Ин баҳси ҳуқуқӣ Қувват Султонро ба оппозитсия ва чеҳраи нофор дар ҳукумат табдил дод. Маҳз пас аз ин гуна масъалагузориҳо, ӯ дар соли 1998 аз раисии Кумитаи андоз барканор шуд. Аммо, пас аз фавти он худораҳматӣ низ ин савол ба худ ҷавоб наёфтааст, ки оё узвият ва бештар аз ин раисии президент дар як ҳизби сиёсӣ аз нигоҳи мантиқу ҳуқуқ то куҷо дуруст аст? Масалан дар кадом кишварҳои демокративу ҳуқуқбунёди дунё чунин таҷриба амал мекунад?

Бар илова, саволи дигаре ҳам пайдо шуд: оё одамон фикр намекунанд, ки президент роҳбари танҳо онҳоест, ки узвияти ин ҳизбро доранд?

Ин саволи муҳим дар шароити имрӯз барои Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳоло мақоми ҳуқуқии Пешвои Миллатро низ дорад.

Аз китоби “Бист қадами созанда”. Навиштаи Эмомалӣ Раҳмон.
kmt.tj

Шояд як сабаби аз ҳад сераъзо кардани ҲХДТ дар ин шабу рӯз ба ҳамин мантиқу савол иртибот мегираду бо ин нишон доданианд, ки аксари кулли мардум аз ин ҳизб ҷонибдоранд?

Воқеан, дирӯз, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамҳизбони худро ба 26 солагии таъсиси ҲХДТ табрик мегуфт, ишора кард, ки “ҳанўз дар оғози таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон эълон дошта будам, ки мақсади асосӣ аз созмон додани ин ҳизб сарҷамъу муттаҳид кардани миллати тоҷик ва тамоми нерўҳои созандаву солимфикри ҷомеа, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва ватандўстиву ватанпарварии мардуми кишвар аст, ки ба хотири барпо кардани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ пешрафта ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванди мамлакат талош варзанд”.

Ин ҳарфи рӯзҳои мост. Вале гуфтан мумкин нест, ки ҳукумат ба ҲХДТ аз ибтидо муносибати сахт ҷиддӣ дошт. Дар ибтидо, шояд аз рӯи масали “Хоҷа боғ дорӣ? Дорам!” амал мекарданд, ё зарурати ҳизбро чандон ҷиддӣ  намедиданд. Ба ҳар сурат, то ибтидои солҳои 2000 ин нерӯи сиёсӣ мақомеро надошт, ки ҳоло дорад. Ба корҳои ҳизбӣ аслан муовини аввали раиси он Сайфулло Сафаров машғул буд. Шумораи аъзо низ чандон зиёд набуд, ҳатто нашрияи марказии ҳизбӣ, шоҳид будам, ки на дафтари кории доимӣ дошту на маблағи кофӣ. Феълан бошад, ҲХДТ шояд беш аз 10 нашрияву маҷалла дорад. Баъзан онҳо эҳтимолан ба сифати манбаи даромади молиявии ҳизб амал кунанд, то ин ки аҳдофи идеологӣ...

Имзои Созишномаи сулҳ ва бозгашти мухолифони сиёсӣ - низомии собиқ шояд бардоштҳои элитаи ҳукмронро дигар намуд. Хоса пас аз таъсиси парлумони касбӣ ва интихобот дар асоси бисёрҳизбии соли 2000 – ум. Ҳарчанд интихоботи парлумонии даъвати аввал бе ҳарфи ҷиддӣ анҷом гирифт. Сабаб маълум: шояд нерӯҳои сиёсии навфаъол ва ашхоси таъсиргузори сиёсӣ ё ҳоло ба худ наомада буданд, ё чизеро интизор доштанд.

Аммо замони интихоботи парлумонии соли 2005 вазъияти дигаре пеш омад. Ҳатто ҳолатеро ба миён овард, ки ҲХДТ анқариб танҳо мемонд. Гап сари Эътилофи интихоботи шаффофу демократӣ мерафт, ки баҳори соли 2004 аҳзоби оппозитсионии демократ, сосиал -демократ, ҲНИТ (ки он вақт мамнӯъ эълон нашуда буд) ва сотсиалист ташкил намуда, гуфтанд, ки ин маъракаро ҳамроҳ мегузаронанд. Пас аз эълони натиҷаҳои интихобот – моҳи марти соли 2005 коммунистҳо ҳам қариб дар ин эътилоф ворид мешуданд, аммо дар як шаб барои онҳову наҳзат барои воридшавӣ ба парлумон як миқдор овоз "ёфт" шуд ва баҳс то ҷое поин рафт.

Дуруст аст, ин эътилофи аҳзоби мухолиф дар маҷмӯъ чизеро тағйир надод.  Аммо маҳз пас аз гуфтугӯҳо дар ин бора "проблемаҳои" ҲСТ, ҲДТ пайдо шуд ва ин аҳзобро аз саҳнаи сиёсӣ берун накарда бошад ҳам, аз асл берун намуд...

Дар натиҷа, соли 2005 бидуни ягон мушкил ду ҳизби нав- аграриву ислоҳоти иқтисодӣ сабти ном шуд, ки то ҳол онҳоро "ҳизбҳои киссагии ҳукумат" -у ҲХДТ ном мебаранд. Зеро то ин замон талошҳои шахсиятҳои таъсиргузоре чун Қувват Султон ва Ҳикматулло Саидову чанде дигар барои таъсиси ҳизб бесамар анҷом ёфта буд.

Аҳзоби нав бошанд, бе мушкил сабти ном гардиданд ва дар масоили усулӣ аз ҳизби ҳоким пуштибонӣ мекарданду мекунанд.

Ҳамин тавр, то соли 2015 нерӯи баробарвазн бо ҲХДТ ягона нерӯи сиёсии мазҳабии кишварҳои пасошӯравӣ - ҲНИТ ба ҳисоб мерафт, ки он замон мамнӯъ эълон гардид. ҲСТ ва ҲДТ -и фаъол  акнун он "бачаҳои ганда"- и пешина нестанд. Аз ҳама муҳим барои ҳукумат, ҲХДТ акнун худро танҳо намебинад. Балки аз ин пас нерӯи баробарвазн ва мухолифи ҷиддии сиёсӣ надорад.

Ин хуб аст, ё бад?

Шояд дар ҳизби ҳукмрон ва бахши идеологии ҳукумат дар ин бора фикри зиёд намекунанд. Фақат ин маълум аст, ки дурнамо ва оянданигарӣ  барои элитаи ҳукмрон аллакай дигар шудааст. Инро ҳолатҳои вобаста ба соли 2010 ҳам маълум мекард. Воқеан, пешопеши интихоботи парлумонии соли 2010 дар ҳайати роҳбарии ҲХДТ, дар сатҳи муовинон ва Кумитаи иҷроияаш тағйирот сурат гирифт ва шахсиятҳои таъсиргузоре чун Маҳмадсаид Убайдуллоеву Абдумаҷид Достиев аз он канор шуда, Рустами Эмомалӣ ба Кумитаи иҷроия ворид гардид. Дуруст аст, ки шаҳрдори феълӣ  ва шахси ҳоло расман дуввуми кишвар дар ин мақоми сиёсӣ зиёд наистод, чун ба кори гумрук фиристода шуд. Баъдан, ки ба роҳбари идораи ниманизомӣ рафт, ҳам узвияташ дар ҳизбро канор гузошт ва  ҳам ваколати депутатии худро аз маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе. Ҳарчанд он замон дар маҳфилҳои сиёсӣ мегуфтанд, ки паёми аслии ҳукуматдории оянда дода шудааст...

Хулоса, ҲХДТ аз ибтидо ҳарчанд дар муқобили "коммунистгурезӣ" пайдо шуд, ҳоло ба назар мерасад, ки ба қавле ҷои онро гирифтанист. Мақомеро, ки коммунистҳо то соли 1985 дар саросари шӯравӣ доштанду тамоми бори давлату ҷомеаро ба дӯши худ меҳисобиданд.

Оё ҲХДТ чунин масъулиятеро эҳсос мекунад? Дигарон чӣ?

Бинои ҲХДТ, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёд мешавад
jabborrasulov.tj

Ҳоло тибқи омори ҲХДТ он беш аз 500 000 аъзо дорад. Дар бораи теъдоди аъзои ҳизб ҳам назарҳо гуногунанд. Бархе ин оморро воқеӣ мепиндоранд, чун ҳизби дигаре дар майдон баробари онҳо фаъол нест. Гуфтугузорҳое ҳам ҳаст, ки кормандони мақомоти давлатиро хоставу нохоста ба ҲХДТ аъзо мекунанд. Одамоне ҳам ҳастанд, ки барои “таъмини ояндаи дурахшони худ” ба ин нерӯи сиёсӣ мепайванданд...

Новобаста аз ин, фикр мекунам барои аъзои ҲХДТ ва хоса раҳбари он саволу муаммоҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ кам нест. Саволи аслӣ ҳамон аст, ки пештар гуфтем: андактар мақоми ҳуқуқии Пешвои миллат расмӣ хоҳад шуд. Пас ба сифати раиси ҲХДТ боқӣ монданаш то куҷо мантиқиву ҳуқуқист?

Пурсишҳои дигар низ ҷо дорад. Масалан аз ҳизбҳои дигар чӣ тафовути идеологӣ – сиёсӣ дорад?

Ба ҳар сурат, маъракаҳои интихоботӣ нишон медиҳанд, ки ҳатто шиору барномаи аҳзоб анқариб якхела аст. Дар ин сурат, ё ҲХДТ бояд рисолату барномаҳоро дигар кунад, ё онҳо.

Нуктаи муҳимтар аз ин ҳам ҳаст: ҳизби ҳоким бидуни рақиби ҷиддии сиёсиву идеологӣ метавонад ба як нерӯи камтаъсир табдил ёбад. Таҷрибаи Ҳизби коммунисти СССР инро исбот намуд.

Маълум аст, ки аҳзоб ва шахсиятҳои дигар танҳо дар ҳолате метавонанд аз худ фаъолмандӣ нишон бидиҳанд, ки ё фазои воқеан бози иҷтимоӣ пеш ояд, ё Эмомалӣ Раҳмон аз раҳбарии ҲХДТ бираваду ба сифати Пешвои Миллат рухдодҳои иҷтимоии кишвар ва шахсиятҳои зуҳуркардаро назорат намуда, аз онҳо ба манфиати давлату миллат истифода кунад.

Ин кори мушкил аст? 

Ин аст саволи асосӣ...

Ин матлаб аз торнигори “Рӯзи нав” бо Раҷаб Мирзо бознашр шудааст ва дидгоҳи шахсии муаллиф аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.