Чаро вирус ҷаҳиш мекунад?

Ҳамон тавр ки борҳо гуфта шуд, вирус аз даҳону бинӣ ва чашм ба бадани инсон хутур мекунад. Мисли ҳар офаридаи табиат ҳадафи вирус низ бозтавлид ва зиёд кардани насли худаш аст. Ба ҳамин мақсад вирус ҳуҷайраҳои бадани одамро ғасб карда, дар он лона мемонад ва ба тавлид шурӯъ менамояд.

Дар бадани ҳар як инсон теъдоди то як миллиард нусхаи вирус тавлид мешавад. Он аз тариқи оби даҳону бинӣ ба атроф паҳн мешавад ва ба бадани дигарон ворид шуда афзоиш ёфтан мегирад ва дар ҳоли пешгирӣ накардан ба ҳамагирӣ меоварад, ки мо имрӯзҳо шоҳидаш ҳастем. Нусхаҳои вирусе, ки дар  бадани одам тавлид мешаванд, на ҳамеша дақиқан ба асл монанд ҳастанд. Дар зоҳир ва таркиби ин нусхаҳо тағйироти хурду рез пеш меоянд, ки ҳаминро ҷаҳиш меноманд. Қаблан штамҳои Алфа дар Бритониё, Бета дар Африқои ҷанубӣ ва ғайра ҳамин тавр пайдо шуда буданд.

Дар натиҷаи ҷаҳиш нусхаҳое низ пайдо мешаванд, ки қобилияти олудагии зиёд доранд ва табиист, ки ин нусха хеле бештар паҳн шуда, ҳамагир мешавад. Дар натиҷаи ҳамин раванд штами Делта дар Ҳинд пайдо шуд, ки тақрибан дар тамоми рӯи дунё паҳн шуда ва хеле зуд рушд мекунад. Агар ба ҳисоб гирем, ки дар Ҳинд ҳар рӯз зиёда аз чорсад ҳазор нафар олуда мешаванд ва дар бадани ҳар кадоми онҳо як миллиардӣ вирус тавлид мешавад, пайдо шудани штамҳои нав дар ин кишвар коре табиист.

Чаро донистани ин падида муҳим аст?

Ҷаҳиши вирус метавонад зоҳири онро ба дараҷае тағйир диҳад, ки масъунияти қаблии дар ҷомеа пайдошуда онро нашиносад, ба он муқовимат нанамояд ва боз ҳам ҳама олудаву бемор шаванд, яъне пандемӣ аз нав шурӯъ шавад. Ҳар кас бояд донад, риояи қавоиди беҳдоштӣ ва воксанзании сартосарӣ ин саҳмест дар пешгирӣ аз шурӯъи бадбахтии нав дар сайёра!

Касоне, ки бемориро аз сар гузарониданд ё воксан гирифтаанд дубора сироят мешаванд, ё на?

Мо ду натиҷаи омӯзишро дар даст дорем, ки яке қабл аз пайдоиши штами Делта ва дувумӣ баъд аз шуюъи ин штами хатарноктар гузаронда шудааст.

Донишгоҳи Йели Амрико дар як пажӯҳиш, 52 238 нафарро дар тӯли панҷ моҳ дар як клиникаи Кливленд мушоҳида кардааст. Дар натиҷаи ин омӯзиш ба чунин хулоса расиданд, ки омори касоне, ки қаблан бемориро аз сар гузаронданд, касоне, ки воксаназанӣ шудаанд ва касоне, ки ҳам бемориро гузарондаанд ва ҳам воксанзанӣ шудаанд хеле шабеҳи ҳам аст. Аз инҳо камтар аз 0,4 дарсад такроран бемор шудаанд ва бемориро сабук гузарондаанд.

Вале ин омӯзиш пеш аз пайдоиши штами Делта гузаронда шудааст. Баъд аз пайдо шудани штами Делта омӯзише аз Страсбург ироа шудааст, ки масъунияти бар асари беморӣ ва вояи аввали воксан ҳосилшударо барои дафъи штами Делта кофӣ намедонад. Тахмин метавон гуфт, ки бо шуюъи штами Делта шумори олудагии такрории касоне, ки бемориро аз сар гузарондаанд боло равад.

Пайванди навори канали YouTube-и MedCram-ро ин ҷо мегузорам, то касоне, ки забони инглисӣ баладанд, бо он шинос шаванд - https://www.youtube.com/watch?v=hXV7i1yxu6c.

Киҳо бояд воксан гиранд?

Ҳама касони аз 18-сола боло ба шарти надоштани нишондоди зиддият бояд воксан гиранд. Касоне ки қаблан бемориро аз сар гузарондаанд як воя воксан ҳам гиранд кофист. Одамоне ки қаблан бемориро гузарондаанд, бояд баъд аз ҳадди аққал 90 рӯз ё бештар аз он, воксанзанӣ шаванд.

Касоне ки бемор нашудаанд, бояд ду воя воксан бигиранд, ва то се ҳафтаи пеш аз вояи аввал ва баъди вояи дуюм қоидаҳои беҳдоштиро махсусан сахт риоя кунанд. Воксанзанӣ одатан қабл аз мавсими пандемӣ бояд анҷом шавад, то ин ки бадани одам то омадани уфунат омода бошад, вале чун мо дар ҳолати пандемӣ ба сар мебарем, ночор дар муҳити олуда бояд ин маъракаро гузаронем. Аз ҳамин сабаб эҳтиёт қабл ва пас аз воксанзанӣ бамаротиб муҳим аст!

Чаро воксанзанӣ муҳим аст?

Пеш аз ҳама воксанзанӣ ягона роҳи пешгирӣ аз мубтало шудани одамон ба бемории Covid-19 мебошад.

Ғайр аз ин ҳамон тур, ки зикраш рафт, ҷаҳиш зоҳири вирусро ба ҳадде тағйир дода метавонад, ки масъунияти ҷамъии ҳосилшуда онро нашиносад ва пандемӣ аз нав ҳамагир шавад. Аз ҳамин мулоҳиза ҳарчи зудтар моякӯбӣ кардани шумори бештари одамони сайёра аз ҷаҳишҳои мудҳиши вируси  SarsCov-2 пешгирӣ мекунад.

Титри подтан

Аз сабаби он ки таҷҳизот ва реагентҳои озмоишгоҳӣ гуногунанд ва титри подтанро ба гунаҳои мухталиф ҳисоб мекунанд, меъёри муайяни подтане, ки аз беморӣ пешгирӣ кунад, баровард карда нашудааст. Ғайр аз ин мутахассисон таъкид мекунанд, ки подтан танҳо як нишондиҳанда аст, омилҳои дигар аз қабили селулҳои Т (T-cell), хусусияти инфиродӣ доштани системи эмании ҳар шахс ва ғайра дар рафъи ин беморӣ аҳамияти зиёд доранд ва тамаркуз кардан рӯи подтан корест беҳуда. Новобаста аз титри подтан гирифтани ду воя воксан масъунияти лозимро дар бадан эҷод мекунад. 

Оё мумкин аст воксанҳои гуногунро гирифт?

Мушоҳидаҳои мавҷуд дар ҳоли гирифтани воксанҳои мухталиф, аворизи хурдро иттилоъ медиҳанд. Қисме аз коршиносон бар ин назаранд, ки гирифтани вояҳои якуму дуюм аз ду воксани гуногун масъунияти бештаре эҷод мекунад.

Тавсия мешавад, ки агар дар дастрас ҳаст, аз ҳамон як навъи воксан бигиранд, агар дар дастрас нест, вояи дуюмро аз воксани навъи дигар ҳам метавон гирифт.

Кадом воксанҳо дастрасанд?

Дар Тоҷикистон то ҳол воксанҳои Астра Зенекаи Оксфорд ва Синоваки чинӣ дастрас буданд. Акнун Модернаи амрикоӣ низ ворид шуд. Ҳамаи ин воксанҳо дар ҳоли гирифтани ду воя масъунияти хубе дар бадан бар зидди ин вирус эҷод мекунанд.

Бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гирифтани воксан ҳар як нафар бояд саҳми худро дар раҳоӣ аз ин вабои аср гирад!

Бознашр аз саҳфаи фейсбукии муаллиф.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.