Дар пайи таҳаввулоти низомӣ ва сиёсии ахири Афғонистон, имрӯз  диққати ҷомеаи башарӣ ва дидаи афроди равшанзамир боз ба сӯйи минтақаи ҷануби Осиёи Марказӣ дӯхта шудааст. Рафти босуръати ҳодисаҳои дохилии ин кишвар, тағйироти ҷиддии вазъи сиёсӣ, вижагии равандҳои фоҷеаовари он, бозиҳои пасипардагии кишварҳои абарқудрати манфиатҷӯ, муносибату нигоҳи духура ва изҳороти зидду нақизи сарварони онҳо ҳамагонро дар як саргумӣ ва номуайянӣ қарор додааст.                     

Вобаста ба ин ҳама, дар мавриди дурнамои Афғонистон, хатару таҳдиди ҳаракати Толибон ва идеологияи онҳо таҳлилу пешгӯйӣ ва тахмину гумонҳои зиёде рӯйи  кор меоянд. Авҷи ҳодисаҳои ин раванд пеш аз ҳама аз хуруҷи бенизом ва муғризонаи неруҳои Амрикоӣ шуруъ шуд. Дар давоми ҳузури худ дар Афғонистон онҳо як ҳокимияти бесалоҳияту бепояро сари қудрат оварда, дар охир якҷоя мусоидат карданд, ки ин ҳокимият худаш неруҳои низомияшро фалаҷ созад ва кишварро ба дасти даҳшатафканони толиб бисупорад.

Мушкилоти аслии ин ҳокимият дар он буд, ки оммаи васеи мардум ба он эътимод ва хоҳиши ҳимояву муҳофизаташро низ надошт. Вале вазъ на ба он дараҷа буд, ки мамлакатро ба дасти як неруи сохтаву ниёбии ваҳшӣ ва хатарзо барои минтақа бисупоранд. Зеро қишрхои бедори Афгонистон, худ қудрати ҳифзи ватанашонро дар муқобили ин ҳаракат доштанд. Аммо рафти ходисот тамоман дигар шуд, гарчи чунин паёмад ва бозиҳои пасипардагиро иддае аз коршиносон пештар ҳам тахмин мекарданд. Чунин раванд, аз нияту нақшаҳои муғризонаи ин қудратҳо барои оянда дар минтақа гувоҳӣ медиҳад.

Гарчи муборизаву муқовимат идома дорад ва анҷоми кор  ҳанӯз дар пеш аст, вале  ин ҷо мушкилоти аслӣ ин  оҷизиву нотавонии тамаддун ва фарҳанги инсонӣ дар назди як неруи ваҳшӣ ва барбарӣ бо номи  ҳаракати Толибон аст, ки рӯшан аст он ҳаргиз бе дастгириву пуштибонии дигар кишварҳову қудратҳо наметавонист рӯии кор биёяд.    

Имрӯз таҳлилгарони ҳама кишварҳои ҳамсояву дур ва масъулони сиёсии онҳо ба вазъи Афғонистон ва харакати Толибон аз мавкеи андозаи хатари ба онхо эҷодкарда ё накардаи ин ҳаракат баҳогузорӣ доранд.

Кишвари Чин ва Русия дар пайи муомилаву мусолиҳа ва хушомадгӯйӣ бо Толибон қарор доранд, то оянда тавассути онҳо неруҳои барояшон хавфнокро контрул кунанд. Эрон  бошад, дар манотиқи марзияш бо Толибон дар ҷустуҷӯйи барқарорсозии равобит аст. Он ҳам мисли Русия бо як дилгармии нав бо Толибон чун берункунандаи Амрико аз минтақаи худ муносибат дорад.

Ҳамсоякишварҳои Осиёи Марказӣ Узбекистон барои хифзи сарҳад (ва на танхо сарҳад) бо онҳо робита барқарор карданӣ аст ва Қазоқистон эълом доштааст, ки таъсири ходисаҳои Афғонистон мустақим ҳам набошад, вале ғайри мустақим ба он таъсир мерасонад. Вобаста ба ин, онҳо дар масъалаи муносибат ба таҳаввулоти низомии ин кишвар тасмим ва омодагӣ хоҳанд гирифт.

Тоҷикистон ягона кишварест, ки ҳаракати Толибонро нашинохта пеш аз ин ягон робитае бо онҳо накардааст. Шояд дар ягон сатҳ барқарор намудани кадом навъи робитае зарур бошад, зеро барқарор намудани робита ин маънои эътирофи сиёсии онхоро надорад, вале як нигоҳи умумӣ ба масъалаи таҳдиди толибонизм ва ҳаракати онҳо бевосита ба тоҷикон ҳамчун миллат ва ба Тоҷикистон ҳамчун давлат зарур аст. Ин имкон медиҳад, то дар сатҳи оммаи васеи мардум дурнамои таҳдиду хатари ин ҳаракатро тасаввуру ба он омодагиву пайгирӣ дошта бошем.

Ғаффор Мирзоев, доктори илмҳои фалсафа

Таҳлилҳои гуногун дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷомеаи мо то андозае аз хатарҳои сари қудрат омадани Толибон дар кишвари ҳамсоя ба минтақаи мо огоҳанд. Вале ба андешаи мо пайомад ва хатари асосии  пурра  сари қудрат омадани ҳаракати Толибон барои мо тоҷикон ва Тоҷикистон инҳоянд:

- Нисбат ба ҳама халқияту миллатҳои дохилии Афғонистон осеб ва  озахми чароҳати ин ҳаракат, чӣ аз ҷиҳати ҷониву молӣ ва чӣ аз ҷиҳати фарҳангиву равонӣ  ба сари тоҷикони Афғонистон мерасад (хавфи наслкушии тоҷикони Афғонистон  вуҷуд дорад);

- Толибон зери шиори исломгароиву шариатгароӣ, аслан,  пинҳонӣ  сиёсати паштунгароии панҷобӣ (скрытое преврашение исламизма на паштунизм)-ро роҳандозӣ доранд ва он бар зидди ақвому миллатҳои дигари Афғонистон ва манофеи онҳо равона аст. Вагарна ҳамон солҳои 90 -уми асри гузашта, бади хуруҷи неруҳои Шӯравӣ ва пирӯзии муҷохҳидони замони муқовимат бар мукобили онҳо эълон намудани ҷиҳоди исломӣ худ чӣ маъноро дошт?;

- Аз ҳамсоякишварҳои минтақа вобаста бо вазъи ҷуғрофӣ ва сарҳади тӯлонӣ таҳдид ва хатари зиёдтар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон равона мешавад;

- Хатари аслӣ  барои Тоҷикистон ва марзҳои он на гурӯҳҳои низомии Толибон (онҳо ҳаргиз қудрату тавони инро пайдо нахоҳанд кард), балки андешаҳои толибонӣ, тафаккури толибонӣ дар шууру мағзҳои иддае аз афроди нохудогоҳу бегонапараст ва интиқомҷӯйи дохилӣ, ки эҳсоси ватандӯстию миллатдӯстӣ ва истиқлоли миллӣ барояшон бегона ҳаст, мебошад. Ҳатто имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ садоҳое бо баҳонаи пуштибонии аҳкоми динӣ пинҳонию ошкор ба дастгирии ин ҳаракати террористиро аз тарафи иддае аз онхо мешунавем;

- Афзоиши ифротгароии динӣ  ва шиддат гирифтани сиёсисозии дин таҳдиди ҷиддии кишвари мо ва кишварҳои дигари ҳамсоя мегардад;

- Афғонистон метавонад ба як  паноҳгоҳ ва  пойгоҳи омодасозии экстремистону террористон табдил ёбад, ки аз ҳама бештар таҳдидаш ба Тоҷикистон  равона хоҳад буд;

  - Бо комилан сари қудрат омадани Толибон ва ҷорӣ намудани аҳкоми шариат Афғонистон барои даҳсолаҳо ба як кишвари аз лиҳози иқтисодиву иҷтимоӣ ақибмонда ва манбаи хатару офат табдил меёбад, ки пеш аз ҳама зарари он ба ҳасоякишварҳояш, аз он ҷумла ба Тоҷикистон мерасад.     

Ҳамин тариқ, ба андешаи ман, бо назардошти чунин таҳдиду паёмадҳо ҷомеаи мо ва миллати моро лозим аст, ки ба як имтиҳони ҷиддии таърих омода бошанд. Ҳама қишрҳои гуногуни он, аз зиёию дехқон сар карда то донишҷӯю рӯҳони (маҳз рӯҳониву муллоҳои суннатии моро  лозим аст, ки имрӯз хатари андешаи толибониро ба ҷомеаву ба миллати мо ва ба фарҳанги исломӣ фаҳмонида диҳанд. Иддае аз руҳонияти равшанфикри Афғонистон ин амали Толибонро "ҷиҳоди шайтанат" ном бурдаанд) ва хидматчиён пеш аз ҳама дар атрофи манфиатҳои миллию давлатиямон  муттаҳид бошем ва дасти ҳаммиллатони бурунмарзиямонро бигирем.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.