Душанбе. 7-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дзюдочиёни тоҷик Расул Боқиев ва Неъматулло Асронқулов ба мусобиқоти Олимпиадаи Пекин-2008 омодагӣ мегиранд.

Мудири шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Мавлон Шарипов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки Р.Боқиев ва Н.Асронқулов дар маҷмаии солимии «Хоҷаобигарм» ба тамрин машғуланд. «Марҳилаи мазкур яке аз давраҳои ҳалкунандаи омодагӣ ба мусобиқот мебошад», - идома дод ӯ.

Ёдрас мекунем, ки айни ҳол дар маҷмӯъ 13 нафар варзишгар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Достиев 48 кг (бокс), Анвар Юнусов 51кг (бокс), Ҷаҳон Қурбонов 81 кг (бокс), Дилшод Назаров (гурзандозӣ), Галина Митяева (гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо), Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод), Алишер Чингизов (шиноварӣ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Виталий Корякин (гӯштини тарзи озод), Шералӣ Бозоров 81кг (дзюдо) ва Неъматулло Асронқулов 90 кг (дзюдо) соҳиби роҳхати Олимпиадаи Пекин-2008 гардидаанд. Олимпиадаи XXIX -уми тобистона дар Чин аз 8 то 24-уми августи соли ҷорӣ баргузор мешаванд.