Душанбе. 7-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё имрӯз дар Ҳиндустон вохӯрии нимниҳоии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо Кореяи Шимолӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунам, ки дар вохӯрии охирини гурӯҳӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 0 бар дастаи Афғонистон пирӯз гардида, ба давраи нимниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Ҳамин тавр, Тоҷикистон аз се бозӣ панҷ хол ба даст оварда, дар гурӯҳи худ мақоми дуввумро соҳиб гашт. Ҷои аввал дар ин гурӯҳ бо 7 хол насиби соҳибони майдон - футболбозони Ҳиндустон гардид, ки дар вохӯрии саввум бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб омаданд.

Дар гурӯҳи «В»-и мусобиқоти Ҷоми даъвати Осиё дар Ҳиндустон дастаи мунтахаби ҷавонони Кореяи Шимолӣ бар дастаи Мянма бо ҳисоби 1 бар 0 ғолиб омада, дар гурӯҳи худ мақоми аввалро соҳиб гашт. Дар бозии дигари нимниҳоӣ соҳибони майдон - дастаи Ҳиндусон бо дастаи Мянма қувваозмоӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ғолиби мусобиқа соҳиби роҳхат ба мусобиқоти Ҷоми Осиё-2011 мегардад.