Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Мудири шӯъбаи дар ноҳияи Сино будаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиксодиротбонк» Муллоёр Ёров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки ба номи нахустин ҷоизадори бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон Расул Боқиев фондии махсус боз карданист.

Ба қавли ӯ, дар шӯъбаи мазкури бонк аллакай ба номи дзюдочии тоҷик Расул Боқиев суратҳисоби бонкӣ кушода шудааст ва рӯзҳои наздик масъалаи боз намудани фонди махсус низ ҳал мегардад.

«Пардохти аввалини ман ба ин суратҳисоб 300 сомонӣ аст ва ман мутмаинам, ки мардуми тоҷик маро дастгирӣ намуда, хизмати шоистаи Р.Боқиевро қадр хоҳад кард», - гуфт вай.

Мавсуф ҳамчунин баён дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон бобати омода сохтану ба Пекин фиристодани 15 нафар варзишгар кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода, аз ӯҳдаи он бо сарбаландӣ баромадааст ва медали Расул Боқиев самараи ҳамин кӯшишу заҳматҳост.

Корманди бонк ҳамчунин иттилоъ дод, ки ҳамаи хоҳишмандон дар дохилу хориҷи кишвар имкон доранд ба суратҳисоби варзишгар маблағ гузаронанд.