Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс»- « BBC Persian . com » - Дирӯз дар бозии ниҳойӣ дар чаҳорчӯби Ҷоми даъвати Конфедератсиюни футболи Осиё тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бо ҳисоби 1 бар 4 аз тими мунтахаби Ҳинд шикаст хӯрд. Ин рақобатро Валентин Коваленко аз Ӯзбакистон доварӣ кард.

Қисми аввали бозӣ ба ҳисоби 3 бар 1 ба нафъи тими мунтахаби Ҳинд анҷом ёфт. Тӯбҳоро Сунил Чхетри (дақиқаҳои 9 ва 23) ва Бхутиа Байчунг (дақиқаи 19) ва аз тими мунтахаби Тоҷикистон дар дақиқаи 44 Фатҳулло Фатҳуллоев заданд.

Дар дақиқаи ҳафтоду панҷуми қисмати дуввуми бозӣ Сунил Чхетри тӯби чаҳорумро вориди дарвозаи Алишер Тӯйчиев сохта ва бо задани се гол дар ин бозӣ хеттрик-hattrick кард.

Дар рақобат барои касби зинаи сеюм дар бозиҳои Ҷоми Даъвати Осиё тими мунтахаби Куреи Шимолӣ бо ҳисоби 4 бар сифр тими мунтахаби Бирмаро шикаст дод.

Тоҷикистон дар сурати пирузӣ аз ҳоло метавонист ба бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат бигирад.

Пирӯзӣ бар Ҳинд дар бозии дирӯз танҳо шонси Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба бозиҳои навбатии Ҷоми Осиё буд, зеро тими мунтахаби ин кишвар бар асоси натоиҷи бозиҳои муқаддамотӣ дар гурӯҳи худ, аз ҳақи идомаи рақобатҳо маҳрум шудааст.