Душанбе. 21-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Боксчии тоҷик Анвар Юнусов (вазни то 51 кг ) дар қувваозмоии чаҳорякниҳоии Бозиҳои олимпии Пекин аз варзишгари таиландӣ Самҷит Ҷонгҷиҳор шикаст хӯрд.

Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар қувваозмоии навбатӣ муштзани тоҷик бо ҳисоби 8 бар 1 мағлуб шуд.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз намояндаи охирини Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти гӯштини тарзи озод (вазни то 84 кг ) ба қувваозмоӣ шурӯъ мекунад.