Душанбе. 22-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Дастаи Тоҷикистон дар мусобиқоти Олимпиадаи Пекин 2 медал ба даст оварда, ҳамроҳи дастаҳои олимпии Қирғизистон, Алҷазоир, Колумбия ва Сербия байни 80 кишвари медалҳои олимпӣ ба даст оварда, дар ҷойи 57-ум қарор дорад. Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки акнун ҳамаи варзишгарони ҷумҳурӣ мусобиқоти худро дар олимпиада ба итмом расонида, ба ширкат дар маросими расмии пӯшидашавии бозиҳо омодагӣ мегиранд.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқоти гӯштини тарзи озоди Бозиҳои Олимпии Пекин дар вазни то 84 кг варзишгари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов бори нахуст дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ба медали нуқра сазовор гашт. Медали нахустинро (биринҷӣ) дзюдочии тоҷик Расул Боқиев ба даст овард. Ҳамчунин боксчиёни тоҷик Ҷаҳон Қурбонов ва Анвар Юнусов дар қатори панҷ нафар боксчиёни беҳтарини олимпиада ҷой гирифтанд. Варзишгарони тоҷик дар олимпиада бори нахуст ба чунин дастовард ноил гаштанд.