Душанбе. 3-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА) рейтинги мақоми ҷойгиршавии дастаҳои футболи ҷаҳонро интишор сохт, ки дар он дастаи мунтахабаи футболи Тоҷикистон мақоми 154-умро ишғол мекунад.

Мувофиқи маълумоти рейтинг, Тоҷикистон миёни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) танҳо як зина болотар аз ҷои охиринро ишғол мекунад. Мақоми охиринро дар байни кишварҳои узви ИДМ дастаи футболи Туркманистон (зинаи 158-ум) ишғол мекунад.

Дар мақоми аввал дастаи қаҳрамони Аврупо-2008 - Испания аст. иторлиёву Олмон дар ҷойҳои дуввуму саввуманд. Дастаи мунтахаби Руси яду Зина поин фаромда, айни зам он дар мақоми 12-уми рейтин мебошад. Ӯзбекситон дар зинаи 59-ум, Қазоқистон дар зинаи 120-ум ва Қирғизистон дар зинаи 124-ум ҷойгир шудаанд.