Душанбе, 4-уми сентябр - Дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин - Пекин Бозиҳои тобистонаи олмипии варзишгарони маъюб оғоз ёфт. Тавре хабар дода шуда буд, дар он ду нафар варзишгари тоҷик низ иштирок мекунад.

3-уми сентябр дар шаҳраки олимпии варзишгарони тоҷик байрақи Тоҷикистон барафрошта шуд. Ба ин муносибат дар шаҳраки олимпӣ ҷамъомади серодам баргузор гардид. Муовини раиси шаҳраки олимпӣ варзишгарони тоҷикро хайра мақдам гуфта, ба онҳо барору комёбиҳо орзӯ намуд.

Дар бозиҳои олимпӣ аз Тоҷикистон ду нафар варзишгари вазнбардор Хайрулло Абдураҳимов ва Зайтуна Розиқова ширкат меварзанд. Дар маросими барафроштани байрақи Тоҷикистон дар шаҳраки олимпӣ сафири Тоҷикистон дар Пекин Рашид Олимов ва ҳайати варзишгарони бозиҳои олимпӣ иштирок намуданд.