Душанбе. 25-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз роҳбари ширкати «Дурнамо» Абӯбакр Азизхоҷаев ба ҷоизадорони Бозиҳои Олимпиадаи Пекин- 2008 аз Тоҷикистон - Юсуф Абдусаломов (гӯштини тарзи озод) ва Расул Боқиев (дзюдо) мукофотҳои пулии ваъдагиро месупорад.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки А.Азизхоҷаев ба Ю.Абдусаломов 5 ҳазор ва ба Р.Боқиев 3 ҳазор доллари амрикоӣ мукофоти пулӣ месупорад.

Бино ба иттилои манбаъ, пас аз анҷоми маросими супурдани мукофот бо иштироки ҷоизадорони олимпиада нишасти матбуотӣ баргузор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки дар Бозиҳои Олимпиадаи Пекин -2008 15 варзишгари Тоҷикистон дар 8 навъи варзиш шарафи кишварро ҳимоят карданд. Инҳо - варзишгарон Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ), Галина Митяева (варзиши сабук, гурзандозӣ), Расул Боқиев (дзюдо, то 73 кг ), Шералӣ Бозоров (дзюдо, то 81 кг ), Неъматуллоҳ Асронқулов (дзюдо, то 90 кг ), Виталий Корякин (гӯштии озод, то 60 кг ), Юсуф Абдусаломов (гӯштии озод, то 84 кг ), Шералӣ Достиев (бокс, то 48 кг ), Анвар Юнусов (бокс, то 51 кг ), Ҷаҳон Қурбонов (бокс, то 81 кг ), Екатерина Измайлова (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м ), Алишер Чингизов (шиноварӣ, тарзи озод, 50 м ), Албина Камолиддинова (камонварӣ), Сергей Бабиков (тирандозӣ) ва Низом Сангов (вазнабардорӣ, 69 кг ) мебошанд.