Душанбе. 15-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар асоси нақшаи тақвимии ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 53 чорабиниҳои варзишӣ, аз ҷумла 39 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 14 чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои гуногуни варзишӣ дар байни наврасон ва ҷавонон дар минтақаҳои кишвар гузаронида шуд, ки дар онҳо зиёда аз 7076 нафар варзишгарон ширкат варзиданд. Ин нуктаро раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматов 14 октябр зимни нишасти матбуотӣ иброз намуд.
Маликшо Неъматов таъкид кард, ки варзишгарони тоҷик дар 21 чемпионати ҷаҳонӣ ва Осиё ширкат варзида, 46 медали тилло, 50 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ, ҷамъ 162 медал ба даст оварданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки тай солҳои охир дар якчанд намудҳои варзиш, аз қабили бокс, самбо, гуштини тарзи озод теъдоди доварони сатҳи байналмилалӣ зиёд шуда, барои рушди ин намудҳои варзиш мусоидат мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар Тоҷикистон тартиби нави баргардонидани ААИ муқаррар шуд
Нархи “солярка” дар Тоҷикистон якбора боло рафт
«Раҳими Ғармӣ» ба ҳадя кардани хонаҳо идома медиҳад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми маоши ҳадди ақал аз $38 то $57 боло рафт
Давоми 1 рӯз дар Душанбе 24 корд ва 4 электрошокер мусодира шуд
Дастурҳои президент ҷиҳати иҷрои пурра ва саривақтии қисми даромади буҷет
“Хуҷанд” ба даври финали минтақавии Ҷоми КФО-2022 роҳ ёфт
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ корхонаи муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис медиҳанд
Як зодаи Тоҷикистон барои интиқоли пул ба ДОИШ 9 сол зиндонӣ шуд
Вокуниши Кумитаи андоз ба мақолаи «Буҷети Тоҷикистон садҳо миллион сомониро аз даст медиҳад. Ва имрӯз сухан дар бораи кормандони андоз»
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста