Душанбе. 1-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Арабистони Саудӣ қисмати ниҳоии Қаҳрамонии Осиё оид ба футбол миёни ҷавонон ҷараён дорад. Дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ ширкат меварзад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи Футболи Тоҷикистон - Шералӣ Давлатов хабар дод, нахустин бозии худро футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот, имрӯз дар гурӯҳи «С» бо дастаи мунтахаби Чин баргузор месозанд. Бозӣ соати 18-у 15 дақиқа ба вакти Сауди огоз хоҳад шуд.

  Бояд гуфт, вохӯрии дуввуми дастаи яккачини ҷавонони Тоҷикистон рӯзи 3-юми ноябр бо тими Куриёи Шимолӣ баргузор хоҳад гашт. Дар бозии 3-юми гурӯҳӣ, ки рӯзи 5-уми ноябр доир мешавад, футболбозони мо бо рақибони лубнонии худ зӯрозмоӣ мекунанд.