Душанбе. 7-уми ноябр - Бозиҳои гур ӯ ҳии даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни футболбозони то 19-сола дар Арабистони Саъуд ӣ ба ан ҷ ом расиданд.

Ҳашт даста - Ҷ опон ва Арабистони Саъуд ӣ (гур ӯ ҳи «А»), Аморати Муттаҳидаи Араб ва Кореяи Ҷ ануб ӣ (гур ӯ ҳи «В»), Чин ва Кореяи Шимол ӣ ( гур ӯ ҳи «С»), Австралия ва Узбакистон (гур ӯ ҳи «D») ба даври чаҳорякниҳо ӣ роҳ ёфтанд.

Вале дастаи То ҷ икистон бо ву ҷ уди он ки дар даври охирини гур ӯ ҳи «С» бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:1 пир ӯ з гардид, аз идомаи мубориза барои дарёфти унвони қаҳрамон ӣ маҳрум шуд. Нимаи аввали ин дидор бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Голҳоро Фарҳод Тоҳиров ( дақиқаи 11-ум) ва Аҳмадзрейк (42-юм) заданд. Чаҳор голи То ҷ икистонро дар нимаи дуввуми боз ӣ Самад Шоҳзуҳуров (ду гол), Даврон ҷ он Тухтасунов ва Фарҳод Восиев ба самар расонданд.

Бозии дигари даври севум дар гур ӯ ҳи «С» байни дастаҳои Кореяи Шимол ӣ ва Чин бо ҳисоби 0:0 ан ҷ ом ёфт. Бад-ин тартиб Чин бо 7 имтиёз ҷ ои аввал ва Кореяи Шимол ӣ бо 5 имтиёз ҷ ои дуввумро касб карда, ба чаҳорякфинал баромаданд. Вале То ҷ икистон бо 4 имтиёз дар ҷ ои севум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъд ӣ маҳрум гардид.

  Дар даври чаҳорякниҳо ӣ , ки 8-уми ноябр баргузор мешавад, Ҷ опон бо Кореяи Ҷ ануб ӣ , Аморати Муттаҳидаи Араб бо Арабистони Саъуд ӣ , Чин бо Узбакистон ва Австралия бо Кореяи Шимол ӣ боз ӣ хоҳанд кард.

Чаҳор дастаи ба бозиҳои ниманиҳо ӣ (11-уми ноябр) роҳёфта ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷ аҳон байни футболбозони то 20-сола, ки соли 2009 дар Миср доир мегардад, роҳхат мегиранд.