Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши То ҷ икистон 10 варзишгари беҳтарини соли 2008-ро эълон кард.

              Тавре ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба раиси АЖРВТ Нарзуллои Латиф хабар медиҳад, мувофиқи натои ҷ и назархоҳ ӣ, ба р ӯ йхати 10 варзишгари беҳтарини сол намояндагони 9 риштаи варзиш дохил шуданд, ки инҳоянд: Юсуф Абдусаломов - барандаи медали нуқраи Бозиҳои ХХ1Х тобистонаи олимп ӣ оид ба гуштии озод дар вазни то 84 кг ; Расул Боқиев - барандаи медали бирин ҷ ии Олимпиадаи Пекин оид ба гуштии дзюдо дар вазни то 73 кг ; Ҷ аҳон Қурбонов - ҷ ои пан ҷ ум дар Олимпиадаи Пекин ва барандаи медали бирин ҷ ии Ҷ оми ҷ аҳонии бокс дар вазни то 81 кг ; Анвар Юнусов - ҷ ои пан ҷ ум дар Олимпиадаи Пекин дар риштаи бокс дар вазни то 51 кг ; Дилшод Назаров - ширкаткунандаи сабқати ниҳоии з ӯ ртарин гурзандозҳо дар Олимпиадаи Пекин ва ғолиби мусобиқоти байналмилал ӣ ; Толеъ Холназаров - барандаи медали бирин ҷ ии мусобиқоти қаҳрамонии ҷ аҳон оид ба пауэрлифтинг ё вазнабардор ӣ дар вазни 110 кг бо нати ҷ аи умумии 950 кг дар сеҳарбаи қудрат ӣ ; Набимуҳаммад Хоркашев - барандаи медали бирин ҷ ии мусобиқоти қаҳрамонии ҷ аҳон дар риштаи гуштии самбо дар вазни то 100 кг ; Шаҳло Муҳаммадраҳимова - қаҳрамони Осиё оид ба таэквон-до ITF дар вазни то 45 кг ; Акмал Қодиров - қаҳрамони Осиё оид ба армрестлинг ё дастхобон ӣ байни варзишгарони машҳур дар вазни беш аз 90 кг ; Хуршед Маҳмудов - капитани дастаи футболи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷ оми раиси Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ва беҳтарин бозигари ин мусобиқа, Қаҳрамони футболи То ҷ икистон.

Дар назархоҳ ӣ 62 нафар хабарнигорони соҳа, ки дар матбуот, телевизиону радио ва о ҷ онсиҳои иттилоот ӣ фаъолият доранд, ширкат варзиданд. Онҳо дар пурсишнома ҳамаг ӣ 32 варзишгарро, ки намояндаи 14 навъи варзишанд, номбар кардаанд.

               Беҳтарин варзишгарони сол бо ҷ оизаҳои Кумитаи ҷ авонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷ умҳурии То ҷ икистон ва дипломҳои Ассотсиатстияи журналистони риштаи варзиши кишвар мукофотонида хоҳанд шуд.