Душанбе. 12-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Ояндаи наздик мураббиёни ҷоизадорони бозиҳои тобистонаи Олимпии Пекин - 2008 Расул Боқиев ва Юсуф Абдусаломов ба унвони «Мураббии шоистаи Тоҷикистон» сарфароз мегарданд. Дар ин бора имрӯз дар як нишасти матбуоти раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мамлакат - Маликшо Неъматов иттилоъ дод.
Мавсуф ҳамчунин гуфт, ки чанд рӯз қабл ба барандаи медали биринҷии бозиҳои Олимпии Пекин - дзюдочӣ - Расул Боқиев, ки феълан дар шаҳри Маскав барои иштирок дар Олимпиадаи Лондон-2012 омодагӣ мебинад, ҷоизаи пулӣ супорида шуд. Неъматов аз ифшои миқдори маблағи эътошуда худдорӣ кард, аммо гуфт, ки барои омода намудани Боқиев ба олимпиадаи Пекин аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон 200 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардида буд.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста