Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Қаҳрамони футболи Тоҷикистон дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ҷиҳати иштирок дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод имрӯз аз шаҳри Қазон ба пойтахти Русия - шаҳри Маскав меравад.
Бояд гуфт, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми Иттиҳод футболбозони мо дар Ҷумҳурии Тотористон бо ҳайати дуюми дастаи “Рубин”-и Қазон ду бозии санҷишӣ анҷом доданд. Вохӯрии аввали «Регар-ТадАЗ» бо ҳайати дуюми тими «Рубин» дар рӯзи 10-уми январ бо натиҷаи сифр бар 1 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфта, дар бозии ҷавобӣ, ки ду рӯз баъди ин баргузор гардид, дастаи мо тавонист тими рақибро бо ҳисоби мушобеҳ 1 бар сифр мағлуб созад.
Ёдовар мешавем, дар давраи 17-уми Ҷоми Иттиҳод, ки аз 17-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад гашт, дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар гурӯҳи «С», бо дастаҳои «Левадия»-и Эстония, «Шериф»-и Молдова ва «Шахтёр»-и Украина қувваозмоӣ мекунад. Дар давраи навбатии Ҷоми Иттиҳод 16 даста дар чаҳор гур
ӯ
ҳ бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Мавриди зикр аст, дастаи «Регар ТадАЗ» ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи анъанавии байналмилалӣ бори ҳаштум намояндаг
ӣ
мекунад.
Дар Тоҷикистон шахсони дар ҷиноят дастдошта имомхатиб таъин намешаванд
Додгоҳ президенти пешини Қирғизистонро аз рӯи парвандаи бетартибиҳои оммавӣ сафед кард
Русия шартнома дар бораи нафақаро бо Тоҷикистон тасдиқ кард
Дар Новая Москва муҳоҷирон бо посбонҳо занозанӣ карданд
Дар Олимпиадаи байнулмилалии Душанбе оид ба IT намояндагони 13 давлат иштирок мекунанд
Се тоҷикистонии бо дучарха ба ҳаҷ раҳсипоршуда ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуданд
Тавофуқи Тоҷикистону Русия доир ба густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ
Дар Тоҷикистон аз оғози сол аллакай 40 кӯдак ғарқ шуд
Дар Душанбе Retro-Auto & Retro Music Fest 2022 баргузор шуд
Cели харобиовар дар Ворух хонаву роҳҳоро вайрон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста