Душанбе. 15-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Екатеринбурги Русия кормандони консулгарии генералии Тоҷикистон дар мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба боулинг соҳиби ҷоизаи биринҷӣ гаштанд.

            Ба иттилои хабаргузории «Уралинформбюро», дар мусобиқаи мазкур дастаҳои беш аз 20 намояндагии хориҷӣ ширкат варзиданд.

            Дастаи кормандони намояндагии дипломатии Булғория ғолиби мусобиқа гардида, мақоми дуввум насиби кормандони намояндагии Чин гардидааст.