Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Пас аз вохӯриҳои даври дуввуми мусобиқоти интихобии Ҷоми президенти Конфедератсияи футболи Осиё дастаи «Регар»-ТадАЗ дар гурӯҳи «А» пешсафиро ба даст гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, футболбозони тоҷик дар даври дуввум бар дастаи «Тайван Пауэр Кампании» бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гардида, бо дарёфти 4 хол ба зинаи аввали ҷадвал баромданд.

            Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар даври охирин дастаи «Регар»-ТадАЗ бо соҳибони майдон – дастаи «Непал Полис Клаб», ки бо як хол дар ҷойи охирини ҷадвал қарор дорад, қувваозмойӣ хоҳад кард. Дастаҳои дигари гурӯҳи «А» - «Тайван» ва «ВАПДА», ки мутаносибан 3 ва 2 хол доранд, бо ҳам бозӣ мекунанд.