Душанбе. 19-уми май - Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар сабқати интихобии Ҷ оми раиси AФК (Конфедеросиюни футболи Осиё) дар гур ӯ ҳи «А» дар Непал ҷ ои якумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба даври ниманиҳо ӣ гардид.

Қаҳрамони футболи То ҷ икистон дастаи «Тайван Пауэр Компани»-и Тайванро бо ҳисоби 3:1 мағлуб карда, ду бозии дигарро бо ВАПДА-и Покистон бо ҳисоби 0:0 ва «Непал Полис Клаб»-и Непал бо ҳисоби 2:2 ан ҷ ом дод.

Тими ВАПДА, ки дар бозии охирин бар дастаи «Тайван Пауэр Компани» бо ҳисоби 3:1 пир ӯ з гашт, чун «Регар» ТадАЗ 5 имтиёз ба даст овард ва таносуби т ӯ бҳояшон низ баробар (+2) мебошад. Вале «Регар» ТадАЗ, барандаи дукаратаи Ҷ оми раиси АФК, ки ду гол бештар задааст (5-3), дар гур ӯ ҳи «А» ғолиб шуд ва ба нимфинал баромад. ВАПДА (таносуби т ӯ бҳояш 3-1) дар ҷ ои дуввум қарор гирифт.

Дар сабқати гур ӯ ҳи «В», ки се даста рақобат карданд, тими «Ишқобод»-и Туркманистон нахустин шуда ба даври ниманиҳо ӣ роҳ ёфт. Футболбозони туркман дар бозии охирини гур ӯ ҳи худ бозиро дар шаҳри Дакка бо тими мизбон - «Абахани»-и Бангладеш бо нати ҷ аи мусов ӣ ва бидуни гол ан ҷ ом доданд. Ҳарду даста 4-имтиёз ӣ гирифтанд, вале аз р ӯ и таносуби беҳтари т ӯ бҳо «Ишқобод» ҷ ои аввалро касб кард.

Бозиҳои гур ӯ ҳи «С» бо ширкати дастаҳои «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Канбавза»-и Мянмар, «Пномпен Краун»-и Камбо ҷ а ва «Йедзин»-и Бутан аз 14-ум то 18-уми июн дар шаҳри Бишкек барпо мегарданд. Ғолиби ин гур ӯ ҳ ва беҳтарин дастаи ҷ ойҳои дуввуми ҳар се гур ӯ ҳ ба даври ниманиҳоии Ҷ оми раиси АФК-2009, ки ахири сол доир хоҳад шуд, роҳхат мегиранд. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.