Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги Федеросиюни байнулмилалии футбол (FIFA), ки 3-юми июн нашр шуд, байни 207 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон як зина поён – ба радифи 148-ум фуромад.

Тоҷикистон байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 24-ум мавқеъ дорад. Дар Осиёи Марказӣ бошад, Тоҷикистон пас аз Узбакистону Қазоқистон ва пеш аз Туркманистону Қирғизистон ҷойгир шудааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи 13-ум ҷой гирифтааст. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷойи аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ дар ҷои 9-ум мебошад. Укроин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум ва дар ҷаҳон 19-ум аст. Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 3. Латвия (59). 4. Литва (60). 5. Узбакистон (78). 6. Беларус (81). 7. Гурҷистон (105). 8. Молдова (106). 9. Эстония (113). 10. Арманистон (131). 11. Қазоқистон (132). 12. Озарбойҷон (140). 13. Тоҷикистон (148). 14. Туркманистон (154). 15. Қирғизистон (162).

Дар садри феҳристи FIFA дастаи миллии Испания, қаҳрамони Аврупо-2008, қарор гирифтааст. Ҳуланд дар ҷои дуввум ва Олмон дар ҷои севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Бразилия, Инглистон, Аргентина, Хорватия, Русия ва Фаронса ҷойгир шудаанд.

Дар ин феҳрист даҳ тими беҳтарини Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC) инҳоянд: Австралия (29), Ҷопон (31), Кореяи Ҷанубӣ (46), Эрон (52), Арабистони Саъудӣ (56), Баҳрайн (70), Ироқ (77), Узбакистон (78), Уммон (80) ва Қатар (94). Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.