Душанбе. 11-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар конгресси таъсисотии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якдилона президенти фахрии Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ интихоб шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ иттилоъ доданд, когресс таҳти раёсати президенти Федератсияи самбои Осиё Фазлиддин Пӯлодов доир гардида, дар кори он намояндагони панҷ кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ, нозирон ва кормандони васоити ахбори умум ширкт варзидаанд.

«Дар конгресс ба таваҷҷӯҳи сарвари давлати Тоҷикистон ба рушди варзиш, аз ҷумла самбо баҳои баланд дода шуд», - гуфт манбаъ.