Душанбе. 20-уми июл – Мусобиқоти ниҳоии Ҷ оми раиси Конфедератсияи футболи Осиё-2009 барои аввалин бор дар шаҳри Турсунзодаи То ҷ икистон баргузор хоҳад шуд.

Бозии ниманиҳоии Ҷ оми раиси Конфедератсияи футболи Осиё 25-уми сентябр ва бозии ниҳо ӣ 27-уми сентябр дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода барпо мешаванд.

Ба ғайр аз дастаи мизбон – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, қаҳрамони футболи То ҷ икистон, инчунин, дар сабқати ниҳо ӣ се тими дигар – «Дордой-Динамо»-и Қирғизистон, «Ишқобод»-и Туркманистон ва ВАПДА-и Покистон ширкат хоҳанд кард.

Қуръаандозии бозиҳои ниманиҳо ӣ 22-юми июл дар пойтахти Малайзиё – шаҳри Куала-Лумпур доир мешавад.

Мусобиқот барои дарёфти Ҷ оми раиси AFC аз соли 2005 барои пан ҷ умин бор баргузор хоҳад шуд. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Дордой-Динамо» дубор ӣ барандаи ин Ҷ ом гардидаанд.

Дар мусобиқаи соли гузашта дар шаҳри Бишкек «Регар» ТадАЗ дар бозии ниҳо ӣ бар тими мизбон – «Дордой-Динамо» аз р ӯ и силсилаи пенолти ғолиб шуда буд. Дар ин бора бо истинод ба гуфтаҳои Шерал ӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи То ҷ икистон бахши тоҷикии сомонаи радиои «Озодӣ хабар медиҳад.