Қӯрғонтеппа. 12-уми май. Азия-Плюс — Сармураббии дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа Асдиддин Ҳабибуллоев бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти даста Исроил Шарифов хабар дод, сармураббии даста истеъфои худро ба натоиҷи ғайриқаноатбахши даста, ки дар шаш вохӯрии баргузоршуда дар панҷтоаш мағлуб гардида, танҳо як ғалабаи техникӣ дорад, нисбат додааст.

Ба қавли мавсуф, айни замон вазифаи сармурабӣ ба дӯши собиқ срмураббии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Салоҳиддин Ғафуров вогузор гардидааст. «Саҳми Аслиддин Ҳабибуллоев дар пирӯзии дастаи «Вахш» дар чемпионати соли 2009 ва медали биринҷӣ дар соли 2010 беандоза бузург аст», - гуфт ӯ.

Номбурда ҳамчунин гуфт, соли равон ба иллати камбуди маблағ 12 нафар бозингарони ҳайати асосӣ дастаро тарк кардаанд ва маҳз ҳамин омил боиси он гардидааст, ки натоиҷи бозиҳо ғайриқаноатбахш аст.