Душанбе. 13-уми май. Азия-Плюс — Бо қарори раиси шаҳри Душанбе рӯзи якшанбеи ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе Рӯзи дави  миллӣ доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матуботии раиси пойтахт Шавкат Саидов иттилоъ дод, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи дави миллӣ чораҳои зарурӣ андешанд. «Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ҳамоҳангӣ бо Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти иштирокчиёнро таъмин намуда, ҳамзамон тавассути эълони қаблӣ ҳаракати нақлиётро дар самтҳои муайянгардида аз соати 8:00 то соати 10:00 манъ месозанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар чорабинии мазкур ҳамаи сокинон ва мехмонони пойтахт метавонанд ширкат биварзанд.

Ёдрас мекунем, ки бо супориши сарвари давлат, баҳри рушди ҳаракати олимпӣ дар кишвар шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи дави миллӣ баргузор мегардад.