Душанбе. 23-уми май. «Азия-Плюс» — Футболбозои навраси тоҷик дар мусобиқот таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» дар шахри Сочии Русия пирӯзӣ ба даст оварданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Шералӣ Давлатов иттилоъ дод, дар ин мусобиқот бо шумули ду даста аз Тоҷикистон 22 даста аз хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳои Русияву кишварҳои хориҷи наздик ширкат варзидаанд. «Дар вохӯрии ниҳоии гурӯҳи синнусоли хурдсолон дастаҳои мактаб-интернати ноҳияи Румии вилояти Хатлон ва мактаб-интернати кишвари Абхазия бо ҳам қувваозмоӣ намуда, футболбозони тоҷик дар ин вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар сифр дастболо шуданд», - гуфт ӯ.
Ба қавли мавсуф, дастаи дигари Тоҷикистон аз ҳисоби тарбиятгирандагони интернати № 1-и пойтахт соҳиби медалҳои биринҷӣ шудаанд ва акнун тобистони соли равон дастаҳои Тоҷикистон ба шаҳри Лондон ба дастаи «Арсенал» ба меҳмонӣ мераванд. «Футболбозони навраси мо дар ин мусобиқот аз таҷрибаи арзишманд бархӯрдор гардида, ба чӣ қодир будани худро возеҳ нишон доданд», - афзуд номбурда.
“Акнун ба Чин меравам”. Ҷорӣ шудани низоми раводид бо Туркия ба тоҷирони тоҷик чӣ таъсир дорад?
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста