Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода дастаи мунтахаби футболи Афғонистон аз дастаи Фаластин бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд. Ин вохӯрӣ дар чаҳорчӯби мусобиқоти интихобӣ барои чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар соли 2014 баргузор шуд.

Вохӯрӣ бо бартарии футболбозони Фаластин сурат гирифта, тӯбҳоро ба дарвозаи Афғонистон дар дақиқаи 28-ум Мурод Алиён ва 87-ум Исмоил Аламур ворид карданд.

Акнун дастаи Фаластин барои роҳ ёфтан ба даври дуввуми мусобиқоти интихобӣ имкони хуб пайдо кард. Вохӯрии ҷавобӣ рӯзи 3-юми июл пешбинӣ шудааст.

Вохӯрии мазкур бояд дар Афғонистон доир мегардид, вале бинобар вазъи ноамни ин кишвар, Афғонистон аз Тоҷикистон дархост кард, ки ин вохӯрӣ дар Тоҷикистон баргузор гардад ва роҳбарони Федератсияи футболи ҷумҳурӣ ин дархостро пазируфтанд.

Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон аз даври дуввум ба мусобиқоти интихобии Чемпионати ҷаҳон – 2014 миёни кишварҳои Осиё ворид гардида, вохӯрии аввалро рӯзи 23-юми июл дар Сурия ва ҷавобиро рӯзи 28-уми июл дар Тоҷикистон доир месозад.

Дар акс футболбозони Афғонистон зимни тамрин дар Тоҷикистон. Сарчашма:  Centralasiaonline.com