Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Сарпарасти расмии дастаи футболи «Равшан»-и Кӯлоб аз маблағгузорӣ ба тим даст кашиданӣ нест.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари бонки мазкур Фаррух Тағоймуродов хабар дод, бо мақсади рушду беҳбуди фаъолияти дастаи варзишӣ мутобиқи қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» ва «Дар бораи реклама» бонк то 31-уми декабри соли 2011 бо даста созишномаи сарпарастӣ ба имзо расонид. «Дар яке аз бандҳои созишнома гуфта мешавад, ҳамаи баҳсҳои рухдода дар давраи амали созишнома ба таври истисноӣ миёни сарпараст ва даста ҳал карда мешаванд ва аз ин рӯ, ҳодисаҳои бетартибиҳои аз ҷониби мухлисон содиршударо мо бо сардори даста Баҳром Рустамов баррасӣ кардем», - гуфт ӯ.

Аз ифшои ҷузъиёти ин вохӯрӣ бо сардори дастаи «Равшан» раиси бонк худдорӣ варзида, зикр кард, ки «Агроинвестбонк» минбаъд низ дастаро дастгирӣ хоҳад намуд.

Ақидаҳои аз сарпарастии дастаи «Равшан» даст кашидани «Агроинвестбонк» пас аз бетартибиҳои рухдода аз ҷониби мухлисони даста дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб пайдо шуданд.

Дар ҳамин ҳол, сардори дастаи «Равшан» Баҳром Рустамов низ эҳтимоли чунин сурат гирифтани корро рад сохта, мегӯяд, айни замон атрофи даста овозаҳои зиёде мавҷуданд, вале сарпарасти даста ҶСК «Агроинвестбонк» тамоми масоили молиявиро саривақт ва мусбат ҳал мекунад. « Феълан футболбозон сарвақт маошашонро гирифта, ҳеҷ арзу шикояте надоранд ва онҳо дар бетартибиҳо иштирок надоштанд», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, пас аз ҳодисаҳои бетартибӣ бо мухлисон сӯҳбатҳо доир гардида, футболбозон ва роҳбарони даста дар кори мизи мудаввари ба ин масъала доиргардида иштирок кардаанд. «Дастаро шахсони алоҳида низ дастгирӣ карда, ҳангоми бозӣ барои бозингарони беҳтарин мукофотпулӣ эълон мекарданд, вале мо қарор додем, ки алҳол аз ин гуна дастгирӣ худдорӣ варзида, он хотираҳоро фаромӯш созем ва ба бозиҳои навбатӣ омодагии хуб бигирем», - афзуд номбурда.

Дастаи «Равшан» яке аз дастаҳои собиқадори футболи тоҷик ба шумор рафта, солҳои ахир ба мушкилоти молиявӣ дучор ва дар зинаҳои поёнии ҷадвали мусобиқот қарор дошт.

Соли равон сарпарастии дастаро ҶСК «Агроинвестбонк» ба ӯҳда гирифта, айни замон даста дар қатори пешсафони мусобиқот қарор дорад.