Душанбе. 12-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар мусобиқоти чемпионати Осиё  оид ба бокс дар шаҳри Инчхони Кореяи Ҷанубӣ варзишгари тоҷик Анвар Юнусов унвони чемпиони Осиёро ба даст овард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» президенти Федератсияи бокси Тоҷикистон Бобоҷон Маҳмадрасулов хабар дод, дар вохӯрии ниҳоӣ дар вазни 56 кило тарбиятгари мактаби бокси пойтахт А.Юнусов бар варзишгари Муғулистон дастболо шудааст. Қувваозмоии шадид бо ҳисоби 13 бар 9 ба фоидаи боксчии тоҷик анҷом ёфтааст.

Ёдрас мекунем, ки як рӯз қабл намояндаи дигари Тоҷикистон Мададӣ Нағзибеков дар вазни 60 кило соҳиби медали биринҷӣ шуд. Ӯ дар қувваозмоии нимниҳоӣ аз варзишгари Чин бо ҳисоби 11 бар 20 шикаст хӯрд.

«Ба мусобиқоти чемпионати Осиё мо боксиёни беҳтарини худро фиристодем ва ин мусобиқот як давраи хуби омодагӣ ба иштирок дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон гардид, ки моҳи сентябри соли равон дар пойтахти Озарбойҷон – шаҳри Боку доир мегардад», - гуфт Маҳмадрасулов.

Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Боку варзишгарони тоҷик барои ба даст овардани ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2012 мубориза хоҳанд бурд. Барои ин варзишгарони тоҷикро зарур аст, ки дар вазни худ ба қатори ҳашт нафар беҳтаринҳо шомил гарданд.