Дар пойтахти Фаронса – шаҳри Париж Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо шурӯъ шуд. Дар рӯзи нахустини мусобиқот дзюдочии тоҷик Ҷамшед Халилов дар вазни 60 кг аз варзишгари гурҷӣ Амриан Папиашвили шикаст хӯрда, аз идомаи қувваозмоиҳо маҳрум гардид.
Дар ин вазн унвони чемпиони ҷаҳон ва медали тило насиби дзюдочии ӯзбек Ришод Собиров шуд. Дар қувваозоии ниҳоӣ ӯ бар варзишаги Ҷопон Хираока Хироаки дастболо шуд.
Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро шаш нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Имрӯз қувваозмоиҳо дар вазни аз ҳама сершумортарини то 73, кило оғоз гардиданд, ки дар он 95 нафар дзюдочиён ширкат меварзанд ва миёни онҳо дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев низ ҳузур дорад. Расуд Боқиев дар қувваозмоии нахуст бо варзишгари итолиёвӣ Андреа Регис ба набард мепардозад.
Пагоҳ боз ду варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кг – Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов ба қувваозмойи шурӯъ мекунанд ва дар даври аввал мутаносибаи бо варзишгарони Аргентинаву Шветсия қувваозмоӣ менамоянд.
Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.
Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.
Паёмади бозгашти муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон чӣ хоҳад буд?
Дар Душанбе як навраси 13-сола аз ошёнаи 16-ум худро ба зер партофтааст
Дар Суғд аз қочоқи дорувории тиббӣ аз Қирғизистон пешгирӣ шуд
Ҳодисаҳои селфароӣ ва сангреза дар шимол ва ҷануби Тоҷикистон
Рухсатии Сулаймон аз беморхона пас аз сӯзандоруи нархаш беш аз 1 млн доллар
Қарзи андоз 74,6 млн сомонӣ зиёд шудааст. Кадом корхонаҳо аз андоз бештар қарздоранд?
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 20 рӯз 62% иҷро шудааст. Шикоят аз шеваҳои нави даъват ҳанӯз ҳам ҳаст
“Масъалаи муҳим ва асосӣ”. Тоҷикистон Бонки ҷаҳониро ба маблағгузории “НБО Роғун” даъват кард
Ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ бар зидди як вакили дифоъ бо иттиҳоми қаллобӣ
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба даври 1/4 финалии Ҷоми Осиё-2024 роҳ ёфт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста