Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар шаҳри Париж дастаи Тоҷикистон ба шикасти навбатӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар пайи Ҷамшед Халилов дорандаи медалҳои бириниҷии Олимпиадаи Пекин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев низ дар вазни то 73 кило дар қувваозмоии нахустин аз варзишгари итолиёвӣ Андреа Регису шикаст хӯрда, аз идомаи минбаъдаи иштирок дар мусобиқот маҳрум гардид.

Дар ин мусобиқот Тоҷикистонро шаш нафар варзишгарон намояндагӣ мекунанд. Пагоҳ боз ду варзишгари тоҷик дар вазни то 81 кг – Шералӣ Бозоров ва Фарҳод Раҳимов ба қувваозмойи шурӯъ мекунанд ва дар даври аввал мутаносибаи бо варзишгарони Аргентинаву Шветсия қувваозмоӣ менамоянд.

Рӯзи 26-уми август Тоҷикистонро дар вазни то 90 кило варзишгари пуртаҷрибаи тоҷик Парвиз Собиров намояндагӣ карда, бо дзюдочии Того қувваозмоӣ мекунад.

Дар рӯзи охирини чемпионат дар вазни то 100 кило дзюдочии тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо Милан Дисовис вомехӯрад.