Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Ӯзбекистон Вадим Абрамов дар сомонаи расмии Федератсияи футболи ин кишвари ҳамсоя андешаи худро дар бораи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон баён намуд.

«Ман борҳо гуфтаам, ки барои мо бо кадом даста, Тоҷикистон ё Сурия вохӯрдан муҳим набуд. Дар ин марҳила ба ҳар як вохӯрӣ мебояд бо ҳисси масъулият омода гардид. Ягона чизи муфид дар ин ҳолат барои мо он аст, ки нисбат ба Сурия ба Тоҷикистон рафтан хеле қулайу осонтар аст. Дигар чизе тағйир наёфтааст. Ман мутмаинам, ки ҳамаи дастаҳои гурӯҳ барои ноил гардидан ба натиҷаи мусбат кӯшиши зиёд ба харҷ хоҳанд дод», - гуфтааст Абрамов.

Ёдовар мешавем, ки дар давраи сеюми мусобиқоти интихобии Ҷоми ҷаҳон-2014 дар қораи Осиё рӯзи 2-юми сентябри соли равон дар варзишгоҳи шаҳри Турсунзода вохӯрии дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистону Узбекистон баргузор мешавад. Оғози бозӣ соати 16:30 ба вақти маҳаллӣ аст.