Дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар Кореяи Ҷанубӣ идома дорад, гурзандози тоҷик Дилшод Назаров ба даври финалии мусобикот мазкур роҳхат гирифт.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Влада Овчаренко (давидан ба масофаи 100 метр) дар байни 55 нафар варзишгар бо натиҷаи 12,24 сония мақоми 45-умро ишғол намуда, аз идомаи мусобиқот маҳрум гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дабири кулли Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ Евгений Шумарин хабар дод, Дилшод Назаров дар қувваозмоиҳои пешакӣ бо натиҷаи 76,93 метр дар зергурӯҳи худ мақоми чорумро ишғол карда, ба даври ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт. Даври ниҳоии мусобиқот имрӯз, 29-уми август, доир мегардад.

Евгений Шумарин таъкид сохт, ки дар мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ 1945 нафар варзишгарон аз 202 дастаҳои миллӣ иштирок дошта, он барои аксари онҳо мусобиқоти муҳиму ҳалкунанда шуморида мешавад, зеро аз рӯйи натиҷаҳои ин мусобиқот варзишгароне, ки барои иштирок дар Бозиҳои олимпии Лондон-2012 иҷозатнома мегиранд, муайян карда мешаванд.