Дар вохӯрии давраи навбатии чемпионати ҷумҳурӣ оид ба футбол дастаи «Шодмон»-и Ҳисор дар майдони худ тими «Равшан»-и Кӯлобро қабул кард. Ба гуфти шоҳидон, дастаи «Шодмон» бо ҳисоби 0:1 аз дастаи «Равшан» шикаст хӯрда, мухлисони аз довар норозӣ ба бетартибиҳои оммавӣ дар Ҳисор даст задаанд.

Дар қисми аввали вохӯрӣ ба кӯлобиҳо муяссар шуд, ки ба дарвозаи дастаи мизбон як тӯб ворид созанд. Кӯшишҳои дастаи «Шодмон» барои баробар кардани ҳисоб ба ҳеҷ натиҷа нарасиданд. Аммо дар охири вохӯрӣ мухлисон бар ин назар буданд, ки довар барои вайрон кардани қоидаи бозӣ бояд ба дарвозаи «Равшан» зарбаи ҷаримавии 11-метра таъин кунад.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ мухлисон ба баклажкаву сангпартойӣ сӯйи доварон оғоз кардаанд, ки дар натиҷа яке аз доварону як мухлиси дигар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Ба кормандони милиса муяссар гардидааст, қисмате аз мухлисони норозиро аз варзишгоҳ ба берун бароранд, вале як қисмати дигари онҳо дар боғи начандон дуртар аз варзишгоҳ ҷамъ шудаанд.

Пас аз ин мухлисони дастаи «Шодмон» бо нидоҳои «Ҳисор, Ҳисор» сӯйи автовокзал роҳ пеш гирифтаанд. Аз назди автовокзал онҳоро кормандони милиса пароканда кардаанд.