Дар даври дуюми мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Боку чаҳор варзишгари тоҷик ба шикаст дучор гардиданд.

Сафовиддин Юсуфӣ аз боксчии Филиппин, Комил Холиқов аз варзишгари Австралия, Диловаршоҳ Абдураҳмонов ва Фаррух Калонов дар қувваозмоӣ бо боксчиёни Ирландия ба мағлубият дучор гардиданд. Дар даври аввал ин боксчиён дар қувваозмоиҳо пирӯзӣ ба даст оварда буданд.

Имрӯз боксчиёни соҳибтаҷрибаи Тоҷикистон – иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Пекин Анвар Юнусов (вазни 56 кило) ва Ҷаҳон Қурбонов (вазни 91 кило) мутаносибан бо боксчиёни Туркия Фурхон Мемис ва Ҳиндустон Манпритт Сингх қувваозомӣ менамояд. Ҳамчунин имрӯз қувваозмиҳои Маадӣ Нағзибеков – Элвин Исоев (Озарбойҷон) ва Собир Назаров – Ҷессе Харт (ИМА) низ баргузор мешаванд.

Рӯзи 4-уми октябр вохӯриҳои якҳаштниҳоӣ ва рӯзи дигар чорякниҳоӣ доир мешаванд. Дар таърихи 7-уми октябр қувваозмоиҳо барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоӣ ва 8-уми октябр ғолибони Чемпионат муайян карда хоҳанд шуд.