Дар мусобиқоти байнулмилалии «Ҷоми дӯстӣ» дар Қирғизистон дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар вохӯри бо дастаи «Монтажник»(Қазоқистон) бо ҳисоб калони 13 бар 0 ғолиб омад. Ин ғалабаи чоруми пайдарпайи футболбозони тоҷик дар ин мусобиқот аст.

Бино ба маълумоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар ин вохӯрӣ ҳамлагари дастаи Тоҷикистон Вафо Сӯфиев ба дарвозаи ҳариф 7 тӯб равона сохта, ҳисоби умумии тӯбҳои худ дар ин мусобиқотро ба 11 расонидааст.

Ба иттилои манбаъ, пас аз ғалабаи пайдарпай дар чор вохӯрӣ футболбозони тоҷик дар садри ҷадвали гурӯҳи худ қарор доранд. Пагоҳ, 9-уми август, футболбозони тоҷик вохӯрии охирини худро бо дастаи дуюми Қирғизистон доир менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки дар се вохӯрии қаблӣ дасти Тоҷикистон бар дастаи «Динамо-Юниор» (Омск) бо ҳисоби 4 бар 1, тими аввали наврасони Қирғизистон бо ҳисоби 2 бар 0 ва дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуданд.