Имрӯз дар шаҳри Лондон маросими ифтитоҳи Бозихои XIV-уми параолимпӣ доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин бозиҳо танҳо як варзишгар – Парвиз Одинаеви 30-сола намояндагӣ мекунад.

Бино ба маълумоти расонаҳои хабарии ҷаҳон, дар ин маросим намоиши театрикунонидашудаи хотирмон бо иштироки беш аз 3 ҳазор нафар ихтиёриён ба нақша гирифта шудааст.

Бозихои XIV-уми параолимпии Лондон то 9-уми сентябр идома меёбанд. Дар он 4200 варзишгарони маълул аз 165 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, баҳри ба даст овардани 502 медал дар 20 навъи варзиш қувваозмоӣ мекунанд.

Варзишгари тоҷик Парвиз Одинаев дар мусобиқоти интихобӣ оид ба пауэрлифтинг дар шаҳри Дубай дар як навъи он мақоми дуввумро ишғол намуда, ба ин мусобиқот роҳхат гирифт.

Парвиз Одинаев бо мураббиаш ва намояндагони Кумитаи параолимпии Тоҷикистон рӯзи 22-юми апрел ба шаҳри Лондон раҳсипор шуда буданд. Ҳунарнамоии нахустини варзишгари тоҷик дар ин бозиҳо рӯзи 3-юми сентябр соати 23:00 бо вақти Душанбе доир мегардад.