Бо қарори кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон директори дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Марофиев ба муддати панҷ сол аз машғул шудан ба фаъолият дар соҳаи футбол маҳрум карда шуд.

Бино ба иттилои ФФТ, ҳангоми вохӯрии даври 15-уми мусобиқоти Лигаи олӣ оид ба футбол миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Хайр»-и Ваҳдат Ҷ.Марофиев довари паҳлӯи майдон Баҳром Саъдуллоев аз Қӯрғонтеппаро бо мушт ба қафаси синааш задааст.

Бо қарори кумитаи номбурдаи ФФТ, барои чандин маротиба риоя накардани регламенти баргузории мусобиқот, лату кӯби дастаи доварон ва таҳдид ба онҳо Ҷамшед Марофиев ба муддати панҷ сол аз фаъолият дар соҳаи футбол дар қаламрави Тоҷикистон маҳрум гардид.

Федератсияи футболи Тоҷикистон аз раиси вилояти Суғд ва роҳбари Федератсияи футболи вилоят Қоҳир Расулзода дархост намуд, ки ба барканор кардани Ҷамшед Марофиев аз мақоми директори дастаи футболи Хуҷанд мусоидат намояд.