Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар даври ниманиҳоии мусобиқоти Ҷоми президенти Туркманистон аз тими мизбони Туркманистон бо ҳисоби 0 бар 2 шикаст хӯрд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Туркманистон, дар вохӯрии дуюми даври ниманиҳоии мусобиқот футболбозони навраси тими мунтахаби Украина бо душвории зиёд дар иҷрои зарбаҳои 11-метра бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи Русияро мағлуб кардаанд.

Фардо соати 10:00 дар вохӯрӣ барои ишғоли зинаи сеюм дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Русия ва шоми ҳамин рӯз дар бозии ниҳоӣ дастаҳои Украинаву Туркманистон ба ҳам қувваозомӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки маблағи мукофотпулии Ҷоми президенти Туркманистон 35 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, ғолиби мусобиқотро 20 ҳазор ва дастаҳои зинаҳои дуюму сеюмро мутаносибан 10 ва 5 ҳазор доллари ИМА мукофотпулӣ интизор аст.